Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ
Июн 01
15:30 2022

Бахшида ба 1 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов” чорабинии идона доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раёсати тандурустии вилоят, роҳбарият, кормандон ва бошандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд паёми табрикотии Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида, дар ин самт пайваста тадбриҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.

Дар идома намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд низ бо сухани табрикоти баромад намуда, бошандагони ин муассисаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбод  гуфтанд.

Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаи мазкур барои 60 нафар кӯдакон дастархони идона ороста шуда, ба онҳо аз номи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат 1 адад мошини ҷомашӯӣ, аз номи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 60 адад болишт ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов 60 адад туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

Инчунин, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кўдакони маъюб «Чорбоғ»-и  ноҳияи Варзоб  чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агенти давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  намояндагони дигар идораҳои марбута  иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинии идона кӯдакон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин дастаи ҳунармандон бо созу суруди дилнишинашон табъи эшонро болида гардонданд.

Ҳамзамон, имрӯз бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар  “Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, дорои аутизм дар шаҳри Ҳисор”-и ташкилоти ҷамъиятии “Моҳру” низ ба як қатор кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои аутизм туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар маҷмӯъ, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар дигар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ чунин чорабиниҳои идона доир гардида, дар ҷараёни онҳо ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 693
  • 1,242
  • 949,713