Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Айнӣ

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Айнӣ
Август 14
14:49 2020

Ҳамасола 18-уми август  ҷашни зодрӯзи олими маъруф ва табиби барҷастаи тоҷику форс Шайхулраис Абуалӣ ибни Сино ва Рӯзи табибон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин субҳи имрӯз дар толори бинои Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали ноҳия Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо иштироки Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Дар ҷамъомад сардухтурон, табибони беморхонаҳои ноҳиявӣ ва минтақавӣ ва собиқадорони меҳнати соҳа ширкат варзиданд.

Нахуст Раиси ноҳия ба сухан баромада, тамоми табибони ноҳияро бо рӯзи касбияшон муборакбод гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: “Бо таваҷҷуҳ ба заминаҳои таърихиву фарҳангии мардумони ориёнажод, табиб ва табобат миёни мардум муқаддас буда, мавқеи хоса дошт. Табиб ҳамчун эҳёгар номида мешуд, ки бо даму нафаси худ дарду ранҷро аз ҷисму рӯҳи дардмандон бартараф намуда ва шавқу умедро ба колбади ҷисму ҷони онҳо падид меовард. Бобати татбиқи муваффақонаи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии мамлакат, масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, бо мақсади саҳмгузорӣ ба рушди соҳа тадбирҳои мушаххас рӯи кор гирифта шуда истодааст. МИҲД-и ноҳияи Айнӣ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард. Боварии комил дорам, ки табибони мо минбаъд низ ҳамчун ворисони Синои бузург барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри иҷрои рисолати амалигардонии нақшаву ниятҳои наҷиб ва саҳмгузорӣ дар раванди солимии миллат кафили рушди босуботи Тоҷикистон ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод”.

Дар охир Раиси ноҳия ба як қатор табибони ноҳия барои хизматҳои софдилонаю арзандаашон бо ифтихорномаю сипосномаҳои МИҲД-и ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия сипосномаҳо тақдим гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,242
  • 949,763