Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 16 ноябри соли равон дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд чорабинии идона доир гардид.
Чорабиниро роҳбарияти беморхонаи мазкур ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёт, фаъолият ва саҳми шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандона ва созандаи Сарвари давлат кишвари азизи мо тавонист дар як муддати на чандон зиёд ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардад.
Дар идомаи чорабинӣ раиси кумитаи иттифоқи касабаи беморхона низ ба сухан баромада, қайд кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар мамлакат рушд намуд.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардида, дар рафти он як қатор иштирокчиён низ доир ба саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.