Рӯзи 16-уми ноябри соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, роҳбарият ва кормандони муассиса ҳамоиши тантанавӣ, баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» Давлатзода Гулҷаҳон Қобил ифтитоҳ намуда, бо ин Рӯзи муҳими таърихӣ ҳозиринро табрик намуд.
Муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис Достӣ, мудири шӯъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Гадоев Абдурасул ва раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Байзоева Раҳбар суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки мақоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани давлати миллии тоҷикон басо бузург аст. Аз ин рӯ, ин санаи таърихӣ ҳар сол дар кишвари азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланд ва ботантана таҷлил мегардад.
“Моро зарур аст, ки бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалолу интизоми намунавӣ дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем”,-зикр шуд дар чорабинӣ.
Дар охир як гурӯҳ кормандон ва аъзои фаъоли ҳизб, ки дар корҳои ҷамъиятию ободонӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.