Таҷлили Рӯзи табибони оилавӣ

Таҷлили Рӯзи табибони оилавӣ
Май 20
15:59 2022

Ҳамасола 19 май Рӯзи ҷаҳонии табибони оилавӣ таҷлил мешавад. Бори аввал пешниҳоди таъсиси ин ҷашн моҳи майи соли 2010 дар ҷаласаи Созмони ҷаҳонии табибони оилавӣ ба миёнгузошташуда, якдилона қабул гардид. Ин рӯз ба нақши табиби оилавӣ дар системаҳои тандурустии тамоми ҷаҳон бахшида шуда, имкон медиҳад, ки саҳми муҳими ин мутахассисон дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ нишон дода шавад ва ба дастгирииин ихтисос дар ҷомеа мусоидат намояд. Дар ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии WONCA дар Канкуни Мексика, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии табибони оилавӣ қарор дода шуд, ки 19 майи соли 2011 дар ифтитоҳи Конгресси ҷаҳонии табибони оилавии WONCA расман эълон карда шуд.

Дар Тоҷикистон низ чу як узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ин орӯз таҷлил мегардад. Соли 2021 бо дастгирии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди ВТҲИА ҶТ 18 нафар хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузаштани омӯзиши 2 солаи ординаторони клиникиро аз рӯи ихтиоси “Тибби оилавӣ” дар кафедраи “Тибби оилавӣ”-и ДТИКСТТ дар заминаи МСШ №1 оғоз намуданд. Ин гурӯҳ низ дар рузи таҷлили иди касбии хеш бо доир намудани  ҷорабинии идона, виктароина ва  баромаду маърузаҳои хеш донишу малакаи худро нишон доданд.

Мақсади ин курси омӯзишӣ тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар бахши кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ буда, аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд зикр карлд, ки Лоиҳа барои рушду тақвияти тибби оилавӣ, дастгирии  табибони оилавӣ ва тақвияти неруи кадрӣ дар самти омода намудани табибони оилавӣ саҳми сазовор гузоштааст. Аз ҷумла,  аз  аввали амалисозии Лоиҳа 897 нафар кормандони тиббии сатҳи аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ ба омузиш фаро гирифта шуданд, ки аз  вилояти Хатлон 446 нафар (67 табиб ва 379 корманди миёнаи тиб), аз вилояти Суғд 370 нафар (77 табиб ва 293 корманди миёнаи тиб), аз ноҳияи Файзобод 58 нафар корманди миёнаи тиб ва аз ноҳияи Дарвоз 23 нафар корманди миёнаи тиб мебошанд. Аз шумораи умумии бозомӯзишуда 753 нафар (83,9%) ҳамшираҳои шафқат ва 144 нафар (16,1%) табибонанд.

Аз аввали татбиқи Лоиҳа бо омузиши муттасил 3225  корманди тибби муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, вилояти Хатлон 1880 нафар, вилояти Суғд 1115 нафар ва ноҳияи Файзобод 230 нафар.

Тибқи талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи мутахассисони тибби оилавӣ бояд ҳар 5 сол барои такмили ихтисоси худ аз омӯзиши мазкур гузаранд. Даврҳои омӯзишии якмоҳа 13 самти афзалиятноки КАТС-ро дар бар мегиранд, аз ҷумла: солимии модар ва кӯдак, нигоҳубини ҳомиладорӣ, ғизо, гипертония ва дигар масъалаҳои афзалиятноки саломатӣ. Аз аввали амалисозии Лоиҳа, 236 нафар мутахассисони соҳаи тибби оилавӣ бо давраҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Давраҳои омузишии “Ташхиси озмоишгоҳӣ, ҷамъоварӣ ва нест кардани партовҳо дар сатҳи марказҳои саломатии деҳотии шабакаҳои муассисаҳои КАТС” низ аз ҷониби Лоиҳа ба роҳ монда шуд. Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии лабораторӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо дастгирии Лоиҳа аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии клиникию таълимии тибби оилавӣ давраҳои омӯзишӣ оид ба “Ташхиси озмоишгоҳӣ, ҷамъоварӣ ва нест кардани партовҳо дар сатҳи марказҳои саломатии деҳотии шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”  гузаронида шуд. Дар доираи омӯзиши мазкур 315 корманди тибби ноҳияҳои таҷрибавӣ фаро гирифта мешавад, аз ҷумла, аз вилояти Суғд 100 нафар, аз вилояти Хатлон 197 нафар ва аз ноҳияи Файзобод 18 нафар.

Барои пешниҳоди давраҳои омузиши ба нақша гирифташуда дар асоси протоколҳои клиникии нав ва боздидшуда, Лоиҳа омӯзиши 16 тренер аз марказҳои таълимии тибби оилавии Суғду Хатлон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилави дастгири намуд. Аз аввали татбиқи Лоиҳа барои Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилави ва  Марказҳо дар вилоят дастурамалҳо ва адабиётҳои тиббӣ, фантом ва манекенҳо, борхалтаҳои тиббӣ барои табиб (688 адад) ва кормандони миёнаи тиб (1682 адад) харидори ва дастрас карда шуд.

Лоиҳа дар доираи расонидани кӯмаки техникӣ барои ВТҲИАҶТ фаъолияти гурӯҳи кориро оид ба боздид ва такмил додани «Маҷмӯи дастурҳои клиникӣ оид ба ташхису табобати беморон дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» (нашри 3 ва 4) ва чопи ҳуҷҷати мазкурро дар соли 2015 12 000 адад ва дар соли 2020 дар ҳаҷми 9760 адад дастгирӣ намуд.

Бо мақсади гузаронидани давраҳои омӯзишӣ дар шакли фосилавӣ барои кормандони маркази саломатии деҳоти ноҳияҳои 276 ноутбук ба маблағи 2 468 805,2 сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Маркази таълимию клиникии  тибби оилавии дар вилояти Хатлон пурра таъмир ва бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 620
  • 1,242
  • 949,640