Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Апрел 07
17:43 2021

Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ”, ки  ҳамасола маҳз ба санаи  7 апрел рост меояд, чун дигар мамолики ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Маврид ба тазаккур аст, ки бобати таҷлили ин санаи барои сиҳатии омма муҳим тибқи дастуроти роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомоти идонаро дар саросари кишвар ҷорӣ намуд.

Имрӯзҳо дар аксар муассисаҳои тиббии мамлакат машварату муоинаи беморон ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ машварату муоинаи беморон дар як қатор муассисаи тандурустӣ аз ҷумла дар Муассисаи давлатии “Маркази тибби шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” ва дигар муассисаҳо ба таври ройгон бароҳ монда шуда, инчунин дар 16   муассисаи таълимӣ маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи маориф ва илми пойтахти мамлакат бароҳ монда шуд. Ҳамзамон дар ин росто кормандони намяондагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ваксинатсия зидди бемории каронавирус гузаштанд.

Дар ин баробар ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Форум бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” баргузор гардид ва дар доираи кори чорабинӣ баъд аз нисфирӯзӣ аз ҷониби  валантёрони донишгоҳи болозикр  оид ба пешгирии бемории каронавирус ва муҳимияти ваксина зидди бемории COVID-19 тақсимоти варақаҳои иттилоотиву машватарӣ миёни аҳолӣ дар 4 ноҳияи пойтахти кишвар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Соли 2020, ки барои ҷомеа ҷаҳонӣ бо зуҳури бемории сироятии каронавируси COVID-19 давраи мушкил ва буҳронӣ буд, дар “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” дар саросари олам, қисме аз ҷомеҳое, ки ба ваксинаи зидди каронавирус дастрасӣ пайдо намуданд маъракаи иммунизатсия бар зидди   COVID-19 ҷараён гирифт.

Агарҷӣ бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати начандон тулонӣ бемории болозикр пурра дар саросари мамлакат маҳву нобуд шуд, аммо боз ҳам аз ваксинатсия гузаронидаи аҳолӣ ақдоми наҷиб дар самти пешгирии вуруди навбатии каронавирус ба кишвар аст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 738
  • 1,242
  • 949,758