Таҷлили Рўзи маъюбон дар Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбон”

Таҷлили Рўзи маъюбон дар Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбон”
Июл 04
09:29 2018

Ҳар сол ҳаштуми июл дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру нохияҳои ҷумҳурӣ «Рўзи маъюбон» бо як ҷаҳон лутфу меҳрубонӣ нисбат ба ин табақаи осебпазир ва ниёзманди ҷомеа таҷлил мегардад. Инсонҳои башардўсту саховатманд, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо ва одамони оддиву рўзгордида дар ин рўз кўшиш мекунанд, ки бори дигар дари сидқу сафо ва меҳру вафоро ба рўйи шахсони имконияташон маҳдуд маъюбон боз кунанд ва дасти мадади хешро барои расонидани кўмаки беғаразона сўйи онҳо дароз намоянд.

Маҳз ба ҳамин хотир роҳбарият ва аҳли кормандони МД “Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” низ ба хотири болидагии бошандагони бемористони муассиса дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №2 шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббуси волидайни кўдакони дорои аутизм – ИРОДА”, новобаста ба вазифаю синну соли хеш аз субҳи барвақт барои оростани дастархони идонаву доир намудани як мулоқоти самимона бо парасторони кўдакону калонсолони маъюб ва ниёзмандон тараддуд доштанд. Воқеан ҳам мулоқоту машварати кормандони ин даргоҳи илму амал бо ниёзмандон басе самимонаву хотирмон ҷараён гирифт, вале як лаҳзаи он басе ҷолибу аз нигоҳи истифодаи роҳу усулҳои иҷтимоикунонии маъюбон хеле саривақтӣ ва муҳим буд. Сухан аз боби диди наву муносибати нав ва тадбири нав дар ҳаллу фасли масоили мубрами “Рўзи маъюбон” меравад. Ба ғайр аз ин, дар ин рўз барои кўдакони маъюбе, ки дар ин шабу рўз дар бемористони муассиса қарор доранд, баҳри болидагии хотирашон викторина оид ба расмкашӣ ва мусобиқаи варзишӣ ташкил карда мешавад.

Дар маҳфили идона бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки аз ибтидои марҳалаи соҳибистиқлолӣ то кунун ғамхорӣ дар ҳаққи табақаи маъюби кишвар, кўдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани заминаҳои пешниҳоди хизматрасониҳо ба тақабаи зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 28 октябри соли 2016, №455 “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул намуда, ахиран 22 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати эътирофи “Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъбон” зери он дастхат гузоштанд. Конвенсияи мазкур аз соли 2008 инҷониб ҳукми қонунӣ дорад ва аллакай 176 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои он мебошанд.

Дар баробари ин, дар арафаи таҷлили “Рўзи маъюбон” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои кормандони соҳа семинари илмӣ-амалӣ дар мазўи “Ҷанбаҳои иҷтимоии солимии аҳолӣ ва пешгирии маъюбшавӣ дар Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки “Рўзи маъюбон” дар дигар муассисаҳои статсионарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 646
  • 1,242
  • 949,666