“Таҳлили татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахшида ба соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

“Таҳлили татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахшида ба соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Ноябр 19
17:02 2020

Имрӯз, 19 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе таҳти унвони “Таҳлили татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахшида ба соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, Намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева, шарикони рушд, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласаи мазкур иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи тандурустии мамлакат дастовардҳои назаррас ба амал омадаанд.

Махсусан, давоми солҳои охир бунёд ва мавриди истифода қарор додани  садҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавии тиббӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидани онҳо қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба шумор мераванд.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ қайд гардид, дар Тоҷикистон давоми солҳои охир ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар самти коҳиш додани фавти модар ва кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД, бемориҳои дилу рагҳо як қатор корҳои  назаррас ба анҷом расидаанд ва фаъолият дар ин самт минбаъд низ пурзӯр карда хоҳад шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 740
  • 1,242
  • 949,760