Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи короновирус

Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи короновирус
Июн 19
16:25 2020

Бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи короновирус дар шаҳри Хуҷанд 10 гуруҳи тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби мақомоти соҳаи тандурустӣ, ҳифзи тартибот, ҷавонон, занон, маориф, азҳоби сиёсӣ ва ғайраҳо таъсис дода шуданд, ки ҳамарӯза дар бозору кошонаҳои ҳусн, марказҳои савдо, ошхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бо мардум доир ба иҷрои тавсияҳои табибон баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ корбариро вусъат мебахшанд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд қабл аз сафарбарии гуруҳҳои тарғиботӣ аз ҷумла таъкид дошт, ки шиддати сироятёбӣ ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ва аксарияти беморон шифо ёфта, ба зиндагии муқаррарии худ баргштанд. Вале ин маънии аз байн рафтани бемориро надорад. Ва ҳар лаҳза хуруҷи дигарбораи беморӣ аз эҳтимол дур нест. Мутаасифона бархе шаҳрвандон то ҳол оқибати ин бемории сироятиро дарк накарда, ба мушкилоти печидаи пандемия рӯ​ ба рӯ мешаванд. Набояд шаҳрвандон ба саҳлангорӣ роҳ диҳанд, зеро саломатии ҳар нафар дар дасти худи ӯст.

Шаҳрвандонро зарур аст ба хотири ҳифз намудани саломатии худу атрофиён аз пештара дида бештар масъулиятшинос бошанд.​

Сипас, гуруҳҳои таъсисшуда ба бозору кошонаҳои ҳусн, марказҳои савдо, ошхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ сафарбар гардида, доир ба пешгирии бемории сироятии короновирус корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом дода, ниқобу варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 966
  • 1,242
  • 949,986