Имрӯз, 19 апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода вобаста ба тақвияти муҳити дастгирӣ ва васеъ намудани тадбирҳои пешгирӣ ва табобат ҷиҳати кам кардани сарбории ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур вазъи бемориҳои ВНМО ва сил дар кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, инчунин доир ба тақвияти муҳити дастгирӣ ва васеъ намудани тадбирҳои пешгирӣ ва табобат ҷиҳати кам кардани сарбории ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки то имрӯз дар кишвар 3 барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар амал тадбиқ шудаанд. Ҳамзамон айни ҳол аз рӯи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ идома дорад.