Табибон аз Санкт-Петербург бо ҳамкасбони душанбегиашон мубодилаи афкор менамоянд

Табибон аз Санкт-Петербург бо ҳамкасбони душанбегиашон мубодилаи афкор менамоянд
Сентябр 25
13:01 2017

Тавре  қаблан иттилоъ додем,  аз 25 то 27 сентябри соли равон  дар шаҳри Душанбе мулоқоту суҳбатҳои ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург  таҳти раёсати  ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо роҳбарияти  пойтахт  ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад. Дар доираи ин сафар баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва суҳбатҳои барои ҳарду ҷониб судманд пешбинӣ шудааст.

Тавре сардори  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  хабар дод,  панҷ нафар табибони  соҳаҳои гуногуни  шаҳри Санкт-Петербург — табиби саратоншинос Нуринисо Абдуллоева, анестезиолог-реаниматологҳо  Вячеслав Кулаков ва Артём Шетинин,  ҷарроҳи кӯдакона Татяна Патрикева,  неонатолог Екатерина Харитонова   бо ҳамкасбони душанбегии худ  дар   мавзӯи   навтарин дастовардҳои  илми тиб,  истифодаи онҳо дар таҷриба ва дигар масъалаҳои  ба он марбут мубодилаи афкор  менамоянд.

«Хайати мазкур тайи се рӯз дар Маҷмааи давлатии «Истиқлол»  бо ҳайати профессорону докторони тибби  маҷмааи мазкур, табибони  беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе  дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. Ба ғайр аз ин табибони санкт-петербургӣ дар ин рӯзҳо қисман    ба аҳолии пойтахт кумаку машварати ройгони тиббӣ мерасонанд»,- афзуд Х. Шарифзода.

khovar.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 729
  • 1,242
  • 949,749