Табибон дар хориҷи кишвар аз такмили ихтисос гузаштанд

Апрел 25
12:11 2019

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе давоми се моҳи соли 2019 як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Тавре аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба moh.tj иттилоъ доданд,  дар ин давра 132 нафар табибон, аз он ҷумла 10 нафар берун аз ҷумҳурӣ, ки аз онҳо 3 нафар аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳр пардохт карда шуданд, инчунин 123 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос гузашта,  3 нафар табибон ва 53 нафар кормандони миёнаи тиб аз  бозомӯзии касбӣ гузаштанд.

Инчунин, дар 3 моҳи соли ҷорӣ мутахассисони муассисаҳои зерсохтори Раёсати шаҳри Душанбе дар 4 семинар берун аз ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дараҷанокии касбии табибон дар 59 муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 93,1% ва кормандони миёнаи тиб бошад таносубан 89,6% дар муассисаҳои зерсохтори раёсатро ташкил медиҳад.

Дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  ва муассисаҳои зертобеъи он 93 нафар номзадони илмҳои тиб, 5 нафар докторони илмҳои тиб ва 1 нафар академики Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 735
  • 1,242
  • 949,755