Табибони тоҷик роҳҳои пешгирӣ ва табобати коронавирусро меомӯзанд

Табибони тоҷик роҳҳои пешгирӣ ва табобати коронавирусро меомӯзанд
Май 12
15:59 2020

Рӯзи дуюм аст, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони ӯзбек ва роҳбарону кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат видеоконфронси омӯзишӣ оид ба пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 баргузор мегардад.

Дар видеоконфрони имрӯза муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Шодихон Ҷамшед, мутахассисони ӯзбек, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар рафти видеоконфронс аз ҷониби мутахассисони ӯзбек ба табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19  тавсияҳо дода шуд.

Айни замон роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ӯзбек дар самти омӯзиши кормандони соҳаи тандурустии мамлакат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавируси нави  COVID-19  фаъолият намуда истодаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732