Табибони тоҷик вобаста ба табобати бемориҳои сухтагӣ дар Корея таҷриба меомӯзанд

Табибони тоҷик вобаста ба табобати бемориҳои сухтагӣ дар Корея таҷриба меомӯзанд
Январ 20
16:17 2023

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо як қатор кишварҳои олам, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкориҳои судмандро вобаста ба табодули таҷрибаи табибони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷии хеш дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо як қатор кишварҳо ба роҳ мондааст.

Бо мақсади таҷрибаомузӣ оид ба табобати бемориҳои сухтагӣ дар заминаи Беморхонаи Бестияни шаҳри Сеули Ҷумхурии Корея, дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Бестияни Ҷумҳурии Корея аз 28 сентябри соли 2022 ду нафар табиби кишвар, Нозимов Абубакр Абдулхайрович, духтур-комбустиологи Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №3”-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Шоҳруз, табиб, ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз 14 ноябри соли 2022 то 28 январи соли 2023 ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сафарбар карда шаванд.

Дар доираи сафари хеш номбурдагон дар Беморхонаи Бестияни шаҳри мазкур вобаста ба усулҳои нави табобати бемориҳои сӯхтагӣ бо ҳамкасбони хеш аз ин беморхона табодули таҷриба намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 955
  • 1,242
  • 949,975