Табобати Бенямини Илҳом таҳти назорати вазир қарор дорад

<span class="dojodigital_toggle_title">Табобати Бенямини Илҳом таҳти назорати вазир қарор дорад</span>
Январ 16
15:00 2020

15 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро расман ифтитоҳ намуданд.

Зимни боздид Сарвари давлат бо хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷоизаҳо ба даст овардаанд, суҳбат карданд.

Сарвари давлат аз писараки 10-сола Бенямини Илҳом, ки яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошад, пурсиданд:

“Падару модарат чӣ кор мекунанд?”

Бенямин посух дод, ки модараш хонашину падараш сарҳадбон аст.

Сарвари давлат ҳамчунин аз ӯ пурсиданд:  “Оянда кӣ шудан мехоҳӣ?”

Писарча дар ҷавоб гуфт: “Духтур” ва ногаҳон гиря оғоз кард.

“Чаро гиря мекунӣ, кӣ дар хонаатон бемор аст?”, – пурсиданд аз хонанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бенямин ҷавоб дод, ки худаш бемор буда, духтурон гуфтаанд, ки муолиҷаи бемориаш дар хориҷи кишвар имкон дорад.

Пас аз посухи писарча Сарвари давлат ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки табобати Бенямини Илҳомро таҳти назорат гирифта, ба таври ройгон ӯро муолиҷа намоянд.

Имрӯз, 16 январ ҷиҳати  иҷрои супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” машварати табибон (консилиум) доир гардид, ки дар он академик, сармутахассиси соҳавии вазорат  Мироҷов Ғ.Қ., Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев,  Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” профессор Абдуллозода Ҷ.А., сармутахассиси бемориҳои ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  профессор Ибодов Ҳ ва як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Бенямини Илҳом баъди ташхис ва машварат дар шӯъбаи гастроэнтрологияи маҷмааи тиббии “Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дорад. Айни замон вазъи саломатии Бенямини Илҳом муътадил буда, волидони ӯ аз хизматрасонии табибон қаноатманд мебошанд.

Бояд гуфт, ки навори видеоии суҳбати Сарвари давлат бо ин писарча аллакай дар телевизион ва шабакаҳои интернетӣ ҳаводорони зиёде пайдо намудааст.

Айни замон муолиҷаи Бенямини Илҳом таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 919
  • 1,242
  • 949,939