Имрӯз, 15 октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, профессор, психотерапевт, невролог аз кишвари Россия Наталия Юревна ва сармутахассисони соҳавии вазорат оид ба пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 машварати онлайнӣ доир гардид, ки дар он ба тарқи онлайн роҳабарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ иштирок намуданд.
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон змини суханронии хеш иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузори машварати онлайнӣ кӯмак расонидани ба табибони кишвар дар самти ташхис ва табобати бемории коронавирус ва ба саволҳои онҳо посух додан мебошад.
Ҳамин тавр, дар вохурӣ иштирокчиён роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.