Табодули таҷриба миёни табибони Тоҷикистон ва Узбекистон

Табодули таҷриба миёни табибони Тоҷикистон ва Узбекистон
Август 29
13:37 2017

22 августи соли равон табибони Маркази махсуси ҷумҳуриявии сил в қафаси сина ва Академияи тиббии шаҳри Тошканд, ҳамчунин намояндагони дигар муассисаҳои зиддисилии Узбекистон барои табодули таҷриба ба маркази таҷрибавии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин сафари омӯзишӣ чаҳор кармазин дар бар гирифта иқдоми мазкур  бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Маврид ба зикр аст,  ки сурат гирифтани   табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи силшиносии Тоҷикистон ва Узбекистон бори нахуст сурат мегирад. Таи рӯзҳои омузишӣ дар назар аст, намояндагони ду давлат аз дастовардҳои якдигар дар самти мубориза алайҳи бемории сил шиносоӣ пайдо намоянд.

Маркази таълимӣ-омӯзишӣ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии USAID дар Тоҷикистон созмон дода шуда  ба яке аз муассисаҳои пешқадам барои бозомӯзии ҳазорон корманди тиб ва донишҷўён роҷеъ ба усулҳои нави пешгирӣ, ошкор намудан ва муолиҷаи сил бо усули ба бемор нигаронидашуда мутобиқи тавсияҳои охирини Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, табдил ёфтааст.

Ташкилоти байналмилалии  USAID   Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар коркарди барномаҳояшон дар соҳаи мубориза бар зидди бемории сил, ҳамчунин дар татбиқи усулҳои нисбатан самараноки пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи сил байни аҳолӣ ва гуруҳҳои осебпазир дастгирӣ менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 621
  • 1,242
  • 949,641