Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ

Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ
Январ 23
16:35 2023

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни ду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар ҳоли густаришёбӣ қарор доранд.

Як гурӯҳ мутахассисони кишвар бо шумули намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд.

Ҳадафи асосии  сафари намояндагони Тоҷикистон-ин пеш аз ҳама шиносоӣ пайдо намудан бо истеҳсолкунандагони маводи дору ва молҳои тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва боздид аз майдончаҳои истеҳсолии онҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорати ду кишвар ва дар ин замина афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон ва таъсиси корхонаҳои муштарак маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла дар доираи сафари корӣ роҳбарони 5 ширкати истеҳсолии ватанӣ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи истеҳсолии ширкатҳои эронӣ ва ба роҳ мондани он дар истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби ширкатҳои эронӣ барои ташкили корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ, таҷрибаи истифодаи васеи гиёҳҳои шифобахш ҳамчун манбаи хоми доруворӣ ба ин кишвар сафар намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990