Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ғалаба

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ғалаба
Май 08
10:46 2021

Муҳтарам иштирокчиён ва ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ!

Шуморо ва дар шахсияти Шумо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба ва 76-умин солгарди ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик менамоям. Корнамоиҳо, матонату мардонагии Шумо барои ба даст овардани ғалаба бар фашисти истилогар ва хотираҳо дар бораи ин падидае, ки самбули корнамоии бузурги миллионҳо одамон, аз ҷумла садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон гардидааст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд.

Вазифаи ҳар як инсон аст, ки гузаштаи кишвари худро бишиносад ва онро қадрдонӣ намояд ва корнамоиҳое, ки ветеранҳои мо – онҳое, ки дар ҷабҳаҳои муҳорибаҳо ҷангидаанд ва онҳое, ки дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ заҳматҳои беназир карда Ғалабаро баҳри ояндаи дурахшони ҳамаи наслҳо ба даст овардаанд, фаромӯш насозанд.

Дар ҷумҳурии азизамон бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои беназиру созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ветеранҳои ҷанг таҳти ҳимояти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри дастгирии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ветеранҳо  барои таъмини зиндагии шоистаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштироки фаъоли онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ва  давлатӣ  шароити зарури муҳайё намудааст. Дар ҷомеа устувор намудани  муносибати боэҳтиромона нисбати ветеранҳо, тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон, хусусан насли ҷавони кишвар ва таъмини дастрасии ветеранҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла расонидани хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ аз зумраи он тадбирҳои муҳиме мебошад, ки пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.

Соли ҷорӣ низ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи сиҳатии собиқадорон ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба онҳо як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида, даҳҳо тадбирҳои муфиду манфиатбахш ба нақша гирифта шудаанд. Айни замон тамоми осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳа барои қабули собиқадорони ҷангу меҳнат пурра омода гардида, аз 15 май мавсими истироҳатию табобати санаторию курортӣ оғоз мегардад. Тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ омодаанд, ки ҳар як ветерани ҷангу меҳнатро таҳти назорати тиббӣ гирифта, аз аҳволи саломатиашон бохабар бошанд ва дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо хизмати дахлдор расонанд. Ғамхорӣ ва таъминоти иҷтимоию тандурустии Шумо ветеранҳои гиромӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарият ва мақомоти масъули тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  қарор дорад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо камоли эҳтиром шуморо бовар мекунонад, ки баҳри солимгардонию дастгирии иҷтимоиятон беш аз пеш аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи собиқадорони ҷангу меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бори дигар идатон муборак бошад, собиқадорони азизу гиромӣ!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 949
  • 1,242
  • 949,969