Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа натиҷаи тадбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ роҳбарият ва намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, директорони муассисаҳои давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки тадбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат идома дошта, айни замон он дар 40 ноҳияи кишвар амалӣ гашта истодааст.
Дар хотимаи ҷаласа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуданд, ки баъди ин ҷаласа ҳамкориҳо дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои молия, маориф ва илм, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти тадбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” мустаҳкамтар гардида, фаъолият дар ин самт боз ҳам беҳтар мегардад.