Таъмини мутахассисони тибби оилавӣ бо борхалтаҳои тиббӣ

Таъмини мутахассисони тибби оилавӣ бо борхалтаҳои тиббӣ
Октябр 07
12:39 2021

Яке аз ҳадафҳои асосии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дастгирии пайвастаи  табибони оилавӣ дар сатҳи кумаки аввалияти тиббию санитарӣ ва мусоидат барои  рушди нерӯи кадрии соҳа мебошад.

Дар ин радиф Лоиҳа дар давоми фаъолияти худ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ва  марказҳои он дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамкориро ба роҳ монда, дар тайёр намудани табибони оилавӣ, ба роҳ мондани курсҳои бозомӯзӣ ва таъмири бинову таъмини  ин марказҳо бо лавозимоти зарурии тиббӣ  саҳми сазовор гузоштааст.

Дар доираи маблағгузории иловагии дуюм низ ҳамкорӣ бо ин марказҳо идома дорад. Ба ҳамаи  мутахассисоне, ки дар давраи бозомузии шашмоҳаи ихтисоси тибби оилавӣ қарор доранд борхалтаҳои тиббӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.  Ин борхалтаҳо  барои табибон муҷаҳҳаз аз  асбобҳои зарурии ташхис буда, барои кормандони миёнаи тиб шакли дигар пешниҳод карда шуданд. Ҳар ду намуди борхалтаҳо барои расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ пешбинӣ шудаанд.

Борхалтаҳои тиббӣ барои бозомӯзони даври якуми омӯзишии шашмоҳа, ки  аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ дар марказҳои таълимӣ гузаронида шуда истодаанд, аз ҷумла ба 16 нафар табиб ва 131 нафар кормандони миёна дастрас карда шуданд.

Борхалтаҳои тиббӣ барои табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавии ҳамаи марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, Ёвон, Данғара, Фархор, Деваштич, Ҷ.Расулов, Мастҷоҳ, Спитамен ва Файзобод, Кӯшониён, А.Ҷомӣ, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Зафаробод ва Дарвоз дастрас карда шуданд. Табибону ҳамшираҳои  тибби оилвӣ зимни сӯҳбатҳо иброз доштанд, ки дастрасӣ ба ин борхалтаҳои тиббӣ кори онҳоро ба маротиб осон гардонидааст, зеро ба назди бемор барои расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо дасти холӣ намераванд.

Дар маҷмӯъ барои 864 адад борхалтаи тиббӣ ба ҳамшираҳои тибби оилавӣ ва 282 адад борхалтаҳои тиббии махсусгардонидашуда барои табибони оилавӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Бозомузии мутахассисони тибби оилавӣ дар Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон дар ҷамости деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, Маркази байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Маркази саломатии ноҳияи Дарвози ВМКБ ба роҳ монда шудааст. Сари вақт дастрас намудани борхалтаҳои тиббӣ имкон медиҳад, ки бозомӯзон дар рафти дарсҳои амалӣ истифодаи дурусту самараноки асбобҳои дохили онро азхуд намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 29
  • 764
  • 1,242
  • 949,784