ТАРСУ ҲАРОС МЕТАВОНАД ИНСОНИ КОМИЛРО БЕМОР НАМОЯД…Муроҷиатномаи Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат

ТАРСУ ҲАРОС МЕТАВОНАД ИНСОНИ КОМИЛРО БЕМОР НАМОЯД…Муроҷиатномаи Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат
Май 17
11:31 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз марҳилаи аввали бақайдгирии сирояти коронавируси нави Covid–19 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамаи он тадбирҳои зарурие, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия гардида буданд, андешида буд ва ҳоло ҳам ин раванд амалӣ гардида истодааст.

Бо иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешгирии паҳншавии коронавируси нави Ковид -19, аз ҷумла барои таъмини табибон бо лавозимоти муҳофизатӣ, маводҳои безаракунандаю доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ маблағҳои зиёд ҷудо гардидааст.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳо ва соҳибкорони кишвар низ мавод ва таҷҳизотҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нави  КОВИД-19  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳиҷфзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида, онҳо ба муассисаҳои тиббии мамлакат тақсим карда мешаванд.

Айни замон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои коронавирус телефонҳои боварии 511 ва 311 таъсис дода шудаанд, ки ҳамарӯза шаҳрвандони зиёди мамлакат ба рақамҳои мазкур занг зада, ба саволҳои хеш посух мегиранд. Дар назди раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва марказҳои саломатии шаҳрии шаҳри Душанбе низ телефонҳои боварӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

Дар доираи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, ҳамарӯза дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои ситод  оид ба андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ доир гардида, дар он вазъи бемории сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Мутаассифона, дар ҳамин вазъи мураккаб саркардагони гурӯҳҳои ифротии дар хориҷи кишвар қарордошта бо иддае аз пайравони бегонапарасти худ ба ҷои ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи башарӣ дар ростои муқовимати амаливу равонӣ алайҳи ин беморӣ  ва паёмадҳои он, куллан бо амалҳои баръакс, яъне ташаннуҷофарии иҷтимоӣ ва интишори овозаҳои бардурӯғу муғризона ба хотири тира кардани фазои афкори ҷомеа дар кишвари мо талош доранд.

Онҳо аз тариқи сомонаҳои иттилоотии хеш ба таври мунтазам бо баҳонаи ҳушдори мардум аз хатарҳои коронавирус нисбат ба Ҳукумати кишвар туҳматпароканӣ мекунанд. Гузашта аз ин, бо мақсади нокифоя нишон додани иқдомоти Ҳукумат дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ  ва дар ин замина ба вуҷуд овардани норизоии иҷтимоӣ, омори расмии кишвар ва вазъи карантиншудагонро ғайри қобили қабул  нишон додан мехоҳанд.

Ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуда, изҳор медорем, ки ба он хабару гузоришҳое, ки имрӯзҳо аз ҷониби баъзе  сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба фавти  шаҳрвандони мамлакат аз  бемори коронавируси нави КОВИД-19 ба нашр мерасанд, бовар накунанд. Чунин хабарҳои бардурӯғ танҳо ба хотири тарсу ҳароси шаҳрвандон ва ба таҳлука афтодани онҳо нашр мешаванд. Чун ҳамарӯза Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат омори сироятёфтагон ва фавтидагони ин бемориро дар  кишвар ба нашр мерасонад. Пас, мо бояд чӣ кор бикунем?  Ба чунин хабарҳо бовар накарда,  ба тавсияҳои табибон гӯш бидиҳем ва дар паҳлуи онҳо бошем. Дар паҳлуи табиб будан яъне чӣ? Ҳар он чӣ, ки онҳо мегӯянд, бояд аз рӯйи ҳамон амал намоем.

Бояд донист, ки тарсу ҳарос метавонад инсони солимро бемор намояд. Ба ҳамин хотир, ҳар як шахсро зарур аст, ки ба ҷои дар таҳлука афтодан,  бо ин беморӣ  мубориза барад. Мубориза бо коронавируси нави Ковид-19 бисёр содда аст: дастҳоятонро бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор дар муддати 20-30 сония бишӯед. Ҳангоми  ва атса задан даҳон ва бинии худро бо оринҷаки хамида ва ё бо рӯймол пӯшонед. Баъд аз ин, рӯймолро ба қуттии махсус партоед ва дастонатонро хуб бишӯед. Ба рӯятон даст нарасонед, дар ҷойҳои серодам бе зарурат  гаштугузор накунед. Ҳамзамон, аз ниқоби тиббӣ истифода бурда, ҳангоми суҳбат бо нафаре якуним ё 2 метр фосиларо нигоҳ доред. Ин амалҳо метавонанд шуморо аз беморӣ эмин нигоҳ доранд, аммо тарсу ҳарос  масъунияти бадани шуморо паст хоҳад кард.  Ҳангоми дар хона қарор доштан,  бештар китоб  мутолиа намоед, ба машқи бадан машғул шавед, фарзандони худро барои озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ”  тайёр намоед. Ин амалҳо ба шумо манфиати зиёд хоҳанд дод.

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар миқёси ҷаҳон ҳамасола ба ҳисоби миёна аз 350 то 450 миллион нафар ба бемории пневмония (илтиҳоби шуш) гирифтор шуда, аз ин шумора ба ҳисоби миёна аз 3 то 7 миллион нафар одамон мефавтанд, ки аз 1,5 то 4,5 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад. Инчунин,  бинобар маълумоти расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, фавт дар ҷаҳон аз ин беморӣ пас аз бемориҳои дилу рагҳо, саратон, осебу заҳролудшавӣ  ҷои 4-умро ишғол менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, фавт аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, аз ҷумла пневмония (пас аз бемориҳои дилу рагҳо ва саратон) дар ҷои сеюм қарор дорад. Ҳамзамон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз 7 ҳазор то 16 ҳазор нафар одамон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуда, аз 130 то 650 нафар гирифторони ин беморӣ мефавтанд, ки аз 1 то 4 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳанд. Аз оморҳои дар боло зикршуда хулоса кардан мумкин аст, ки новобаста аз коронавируси нав КОВИД-19, қаблан ҳам фавти одамон аз бемориҳои гуногун, аз ҷумла пневмония (илтиҳоби шуш) низ маҷуд  буд, аммо касе дар ин бора дар сомонаҳои иҷтимоӣ гузориш намедод. Имрӯз, ки паҳншавии  бемории каронавируси нави КОВИД-19 дар ҷаҳон дар авҷ аст,  оид ба фавти шаҳрвандон аз бемориҳои гуногун  дар сомонаҳои интернетӣ хабару гузоришҳои зиёд ба нашр расида, боиси ба ҳарос афтодани шаҳрвандон мегарданд.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид мекунанд, мардуми хирадманд ва соҳибтамаддуни тоҷик рӯзҳои аз ин ҳам душвортарро пасисар намудааст ва бо азму иродаи қавии хеш ба ин беморӣ низ ғолиб хоҳад омад.

Ягона чизе, ки айни замон аз мо шаҳрвандони мамлакат талаб карда мешавад, ин аст, ки ба таҳлука дода нашуда, балки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорем!

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 720
  • 1,242
  • 949,740