Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дар асоси супориши Президенти мамлакат, зимни паёмаш ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба сатҳу сифати маводи доруворӣ, дастгоҳҳои нави замонавиро дастрас намуд.
Бино ба гуфти сардори Раёсати номбурда Маҳмадҷон Абдулқодирзода баҳри сифатан таҳлил намудани маводҳои доруворӣ бо дастгирии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ таҳҷизотҳои нави замонави дастрас карда шуд.
“Мо дар назди озмоишгоҳи раёсат як бахши таҳлили микробиологиро ба кор андохтем. Ин таҳлилгоҳ имконият медиҳад, ки сифати маводи дорувориро ба пураги ва сари вақт санҷида, хулосаи дақиқ дод. То ин вақт чунин таҳлилҳоро дар озмоишгоҳҳои дигар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва ё дар шаҳри Душанбе мегузарондем, ки кори моро то андозае мушкил мегардонд” – илова намуд Абдулқодирзода.