Ташаббуси “Тоҷикгидроэлектромонтаж” қобили ситоиш аст

Ташаббуси “Тоҷикгидроэлектромонтаж” қобили ситоиш аст
Май 13
18:37 2020

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои хайру эҳсонкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ ширкати ватании “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ташаббусҳои башардӯстонаи худро идома медиҳад.

Бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони кишвар аз пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти коронавируси нави COVID-19 ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар ба таври доимӣ тадбирҳои заруриву фаврӣ амалӣ шуда истодааст.

Бахусус, дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди пандемияи бемории сироятии COVID-19 бо роҳи бунёди беморхонаҳои нав барои қабули эҳтиёҷмандон, фаъолияти шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои давлатӣ, инчунин, ба таври доимӣ гузаронидани безараргардонии иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ корҳои назаррас анҷом дода мешавад.

Бо дарки баланди масъулият ва ҳисси меҳанпарастӣ ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар як муддати кӯтоҳ маротибаи дуюм аст, ки иқдомҳои эҳсонкории худро  амалӣ намуда, шумораи муайяни таҷҳизотҳоро барои эҳтиёҷоти имрӯзаи соҳаи тиб аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон таҳвил дода, ба воситаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои тиббии пойтахт ба таври ройгон супорид.

Боиси зикр аст, ки  моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати мазкур аввалин шуда 20 000 адад тестҳои санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибонро ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим намуд.

Дар ҷараёни тақдими таҷҳизоти тиббӣ намояндаи ширкат иттилоъ дод, ки маводи мазкур тавассути беморхонаҳои шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад.

Таҷҳизоти дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати анҷом додани фаъолияти пурмасъули табибон мусоидат мекунад.

Намояндаи ширкат зикр намуд, ки иқдоми анҷомдодашуда ҷавоб ба дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои доимии роҳбарияти олии кишвар ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз фаъолияти бахши хусусӣ ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” миёни дигар ширкатҳои ватанӣ аввалин шуда, ба чунин иқдоми башардӯстона дар дастрас намудани кӯмак ба сокинони кишвар даст задааст ва итминони комил дорем, ки дигар соҳибкорони кишвар ин ташаббуси ватандӯстонаро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд кард.

Имрӯз, ки соҳаи тиб ба пандемияи бемории сироятии COVID-19 рӯ ба рӯ гардидааст, ҳамаи моро зарур аст, ки сарҷамъона барои ҳифзи тандурустии мардуми Тоҷикистон мубориза бурда, қоидаҳои солим нигоҳ доштани онро риоя намоем.

Ширкати ватании “Тоҷикгидроэлектромонтаж” тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ иқдомҳои эҳсонкориро идома дода, бо пайравӣ аз ибтикороти хайру эҳсонкории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ташаббусҳои башардӯстонаро идома диҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 915
  • 1,242
  • 949,935