Феврал 21
08:57
2020
Озмоишгоҳи миллии референсӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба тамоми занону духтарони мамлакат ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат, гепатити В ва қандро ба таври ройгон ба роҳ мемонад.
Ҳамзамон, озмоишгоҳи мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон барои муайян кардани қанд, гепатити В ва се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, фаро хоҳад гирифт.
Хоҳишманон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо).