Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ коҳиш ёфтани сигоркаширо дар соли 2020 пешгӯӣ мекунад

Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ коҳиш ёфтани сигоркаширо дар соли 2020 пешгӯӣ мекунад
Декабр 23
06:48 2019

Дар ҷаҳон мубориза бар зидди тамоку  самараи хуб дод:  шумораи мардҳои тамокукаш на танҳо дигар афзоиш наёфт,  балки теъдоди онҳо  соли 2020 то 2 миллион коҳиш меёбад. Чунин хулоса намудааст  Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар гузориши   интишорёфтаи хеш рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Женева.

«Тарафи  мусбии масъала он аст, ки  шумораи истеъмолкунандагони тамоку  дигар афзоиш  намеёбад  ва мувофиқи ин пешгӯӣ  соли 2020 дар байни мардон дар қиёс бо соли 2018  2 миллион нафар (то 1 миллиарду 91 миллион) ва то соли 2025 то 5 миллион нафар кам хоҳад шуд (то 1 миллиарду 87 миллион),-  шарҳ медиҳад  ТУТ ва таъкид менамояд, ки ин раванд «тағйироти ҷиддӣ»-е  барои гирифторони тамоку аст. Ба қавли  ин ташкилот,  рақамҳои болозикр  шаҳодати онанд, ки чигуна иқдоми пешгирифтаи  давлат метавонад ҷомеаро  аз тамоку ҳифз намояд, одамонро  аз зиёни он  раҳо бахшида,   наҷот диҳад ва  зарари тамокуро ба ҳаёти инсонҳо пешгирӣ намояд».

«Тӯли солҳои зиёд мо афзоиши доимии  шумораи мардонеро, ки маҳсулоти марговари  тамокуро истеъмол мекарданд, мушоҳида менамудем. Ҳоло бошад, бо шарофати андешидани тадбирҳои қатъӣ    аз тарафи ҳукумат дар соҳаи маҳсулоти тамокубарорӣ  мо коҳиш ёфтани истифодаи онро  мушоҳида мекунем»,- баён дошт  дар  ин робита директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус  дар дар маросими муаррифии гузориш. Ба қавли ӯ,   сухан  бораи «як лаҳзаи гардиш» дар мубориза бо ин одатҳои бад меравад. Ташкилоти  Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  «бо мақсади  дастгирии ин раванд ҳамкориро  бо кишварҳо густариш медиҳад», —  таъкид намуд директори генералӣ.

Тибқи гузориши мазкур,  соли 2018 дар ҷаҳон  миёни  мардону  занон 1 миллиарду 337 миллион истеъмолкунандагони  тамоку  вуҷуд доштанд, ки ин назар ба соли 2000 60 миллион камтар аст. Сабаби якбора паст гаштани вобастагӣ аз одатҳои бад дар муддати 18 сол  ин бо  шарофати  дар байни занҳо коҳиш ёфтани  тамокукашӣ  мебошад, ки  он аз  346 то 224 миллион нафар расид. Дар ҳоле, ки   дар байни мардон  баръакс   афзоиши он, аз 1 миллиарду 50 миллион то 1 миллиарду 93 миллион  ба қайд гирифта шудааст.

Мутобиқи пешгӯиҳои ТУТ, соли 2020 шумораи истеъмолкунандагони тамоку, аз ҷумла мардон ва занон дар ҷаҳон дар қиёс бо соли 2018 10 миллион нафар коҳиш  ёфта, то соли 2025 боз 27 миллиони дигар кам мешавад. Ташкилот ёдрас мешавад, ки аз зарари тамоку ҳамасола 8 миллион одам аз ҳаёт маҳрум мешавад,  аз ҷумла 1, 2 миллион нафари онҳо, ки  тамокукаш нестанд, аммо аз сабаби нафас гирифтан аз  дуди он   саломатии худро аз даст медиҳанд .

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 698
  • 1,242
  • 949,718