21 октябри соли равон ҳайати меҳмонон иборат аз шаш нафар аз Институти рушди саноати тандурустии Корея бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доктори илмҳои тиб профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҷорӣ намудани технологияи навини тиббӣ, баланд бардоштани потенсиали ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, таҳия ва татбиқи барномаи таълимӣ дар соҳаи фарматсия, инчунин, самтҳои имконпазири ҳамкорӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб, иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳои молиявӣ, имконияти гузаронидани таҳқиқоти муштарак бо мақсади ташкили ҳамкориҳои устувор дар соҳаи тандурустӣ, муайян кардани афзалиятҳо барои татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ, имкони фаъолгардонии барномаҳои таҷрибаомӯзӣ бо мақсади табодули дониш ва ғайра муҳокима карданд.
Пас аз вохӯрӣ меҳмонон аз Маркази илмӣ-истеҳсолии «Фарматсия»- и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дидан намуда, аз фаъолияти он ошноӣ пайдо намуданд.
Қобили зикр аст, ки Институти рушди саноати тандурустии Корея (KHIDI) муассисаи давлатиест, ки ба Вазорати тандурустӣ ва некуаҳволии ин кишвар ҳисобот медиҳад. Самти асосии фаъолияти институти мазкур омӯзиши ташкил ва рушди саноати тиббӣ ва дар маҷмӯъ системаи тандурустӣ, таҳияи сиёсатҳои тандурустӣ ва мусоидат дар татбиқи он мебошад.