Ташрифи миссияи Бонки Олмонии Рушд ба вазорат

Ташрифи миссияи  Бонки Олмонии Рушд ба вазорат
Июн 05
16:07 2024

5-уми июни соли равон миссияи Бонки Олмонии Рушд (KfW) таҳти роҳбарии хонум Анника Унтерпертингер ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода вохурӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки миссияи Бонки Олмонии Рушд бо мақсади шинос шудан ва назорат кардани фаъолияти лоиҳаҳои самти соҳаи тандурустӣ ва арзёбӣ намудани маблағгузорӣ барои лоиҳаҳои ҷадид, сафари кории худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3 июни соли 2024 оғоз намуд, ки он то 8-уми июни соли равон идома хоҳад кард.

Тавре зимни вохурӣ гуфта шуд, яке аз ҳадафҳои асосии  ташрифи меҳмонон ба кишвар-ин арзёби кардани маблағгузории иловагӣ барои сохтмони бинои нави таваллудхона дар шаҳри Ваҳдат мебошад.

Ҳамзамон, гӯруҳи корӣ зимни сафари навбатӣ аз лоиҳаҳои барномаи “Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон” марҳилаҳои II-VI дидан хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки дар доираи барномаи мазкур сохтмон ва азнавсозии беморхонаҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сатҳи анҷомёбӣ қарор дошта, 4 лоиҳаи дигар бо муваффақият пурра амалӣ гаштааст.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи “Мубориза бар зидди бемориҳои сил” марҳилаи V, сохтмони бинои Беморхонаи ҷумҳуриявии кӯдаконаи мубориза бар зидди бемориҳои сил идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 634
  • 1,242
  • 949,654