Ҳанӯз ҳам мушкилоти бемории СОVID-19 пурра ҳалли худро наёфтааст, яъне ваксина бар зидди ин беморӣ ихтироъ нашудааст. Бо вуҷуди он, ки шиддати бемории мазкур коҳиш ва беморон офият ёфтаанд, паёмаду оризаҳои он, мушкилоти давраи барқароршавии организм, оризаҳои равонӣ ва тарс аз гирифтор шудан ба ин беморӣ то ҳол аз байни мардум бартараф нагардидаанд.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз 15 июн тамоми муассисаву корхонаҳои мамлакат пас аз як муддати карантинӣ ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргаштанд.
Мусаллам аст, ки оромиву осудагии ҷомеа аз ҳолати равонии бошандагони он вобастагӣ дорад. Мутаассифона, аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ дар ниҳоди мардум тарс, ваҳм ва ноумедӣ то андозае ҷой гирифт.
Мутахассиси соҳаи асабшиносӣ, ҳамзамон устоди кафедраи асабшиносӣ бо ирсияти генетикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб Манижа Исоева мегӯяд, дар ҳақиқат ҳам бемории СОVID-19 дар қатори узву системаҳои ҳаётан муҳими инсон, ба системаи асаб низ таъсири манфии худро мерасонад.
Бино ба гуфти номбурда, нафароне, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, дар онҳо нишонаҳои чарх задан ва дарди сар, паст шудани ҳисси шомма ва гум шудани ҳисси зоиқа, бехобиву асабхастагӣ, ки аломатҳои неврологии бемории мазкур ба ҳисоб мераванд, мушоҳида карда мешавад.
Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ба тарсу ваҳм наафтода, балки онро дар баробари дигар бемориҳо ба таври муқаррарӣ қабул намуда, ба корҳои профилактикӣ машғул шаванд.
Бояд гуфт, ки тарсу воҳима ва ё худ стресс қобилияти ҳифозатии организм ва муқовиматнокии организмро бар зидди бемориҳо паст мекунад ва таҳаммулпазирии беморӣ ба инсон зиёд мешавад.
Бемороне, ки ба СОVID-19 гирифтор шуданд, бояд кам-кам ба обутоби бадан, машқҳои гуногуни ҷисмонӣ машғул шаванд, инчунин хӯрокҳои серғизо истеъмол намоянд.
Ҳамзамон, оризаҳои зоҳиршудаи беморӣ, аз қабили бехобӣ, асабхастагӣ ва дигар бемориҳои системаи асабро саривақт муолиҷа намоянд.
Барои нафароне, ки гирифтори ин беморӣ мебошанд, ором будан ва ба эҳсосот дода нашудан хеле муҳим мебошад.
Омӯзгори кафедраи забони тоҷикии
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абӯалӣ ибни Сино Раҳимов Т.Ф.