Таъсиси Минтақаи нави идоракунии партовҳо метавонад дар пешгирии бемориҳои сироятӣ кӯмак расонад

Таъсиси Минтақаи нави идоракунии партовҳо метавонад дар пешгирии бемориҳои сироятӣ  кӯмак расонад
Май 19
12:11 2020

Аз ҷониби Ташкилоти  тиббии башардӯстонаи “Духтурони Бидуни Марз”  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш, ва ҷарроҳии қафаси сина” дар шаҳраки Шифои шаҳри Ваҳдат минтақаи нави партовгоҳ кушода шуд, ки он бо пешрафтатарин технология барои идоракунии партовҳои  соҳаи тиб таҷҳизонида шудааст.

Минтақаи нави идоракунии партовҳо дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш, ва ҷарроҳии қафаси сина” метавонад ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ кӯмак расонад

Минтақаи навтаъсисшуда барои идоракунии партовҳо яке аз бузургтарин ташаббусҳоест, ки “Духтурон Бидуни Марз” дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш, ва ҷарроҳии қафаси сина” шаҳраки Шифо (Мачитон) амалӣ намудааст. Ин партовгоҳ барои идора намудани миқдори зиёди партовҳои тиббие, ки аз муассиса ихроҷ мешавад, сохта шудааст. Минтақаи партовҳои тиббӣ бо оташдонҳои муосир муҷаҳҳаз  буда, қобилияти нест кардани миқдори зиёди партовҳои гуногуни тиббӣ, ба монанди ашёҳои тез ва доруҳои муҳлати истеъмолашон гузаштаро дорад.

Ҳамзамон, Ташкилоти тиббии башардӯстонаи “Духтурон Бидуни Марз” як қатор омӯзишҳоро вобаста ба муносибати дуруст бо партов ва несту нобуд кардани он ба кормандони соҳаи тиб  гузаронида,  кормандони партовгоҳ баҳри сару кор гирифтан бо партовҳои тиббӣ бо лавозмотҳои муҳофизаткунандаи шахсӣ таъмин шуданд. Илова бар ин, аз ҷониби ташкилоти мазкур варақаҳо ва овезаҳо оид ба идоракунии партовҳо, контейнерҳо ва таҷҳизотҳои муҳофизаткунандаи шахсӣ барои Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш, ва ҷарроҳии қафаси сина” таъмин карда шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 673
  • 1,242
  • 949,693