Таваҷҷӯҳи мутахассисон ба риштаи тибби оилавӣ бештар мегардад

Таваҷҷӯҳи мутахассисон ба риштаи тибби оилавӣ бештар мегардад
Июл 01
08:12 2022

Рушди тибби оилавӣ ҳамчун василаи наздик намудани мутахассисони тиб бо аҳолӣ яке аз дастоварди соҳаи тандурустӣ дар арсаи байналмилалӣ дониста мешавад. Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди  сифатноки кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оила­вӣ арзёби мегардад. Аз нигоҳи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан ба стратегияи солимии омма, ба шумор меравад. КАТС вазифаҳои асосии соҳаи тандурустиро  иҷро намуда, аз ҳолати он самарабахшии фаъолият вобаста мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибби оилавӣ аз соли 1998 ҷорӣ гардида, бо ҳадафи дар сатҳи баланд бароҳ мондани фаъолияти он аз соли 2016 «Нақшаи  стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рӯи принсипи  тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2016 — 2020»   тасдиқ шуд, ки ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифат, дастрасӣ, самаранокии маҷмӯи хизмат­расониҳои тиббию санитарӣ мебошад.

Аз замони  ҷори гардидани ин риштаи тибб дар низоми тандурустии мамлакат рушди тибби оилавӣ дар маърази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бобати расидан ба зинаиҳои баланд дар ин масир кушишҳои ҳамгуфте бароҳ монда шудааст, ки ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд дар ин самт аз ҷумлаи онҳост.

Татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2023 аз фаъолияти он дар мамлакат 10 сол сипарӣ мегардад, аз зумраи бузургтарин Лоиҳа дар низоми беҳтарсозии фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи мазкур, ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, баҳри таъмиру азнавсозии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти тиббӣ, инчунин, ҷалби мутахассисон ба курсҳои омӯзишии тибби оилавӣ фаъолияти назаррасе ба сомон расонид.

Яке аз ҳадафҳои аслии татбиқи Лоиҳаи мазкур, ин ҷалби мутахассисони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба курсҳои бозомӯзии   тибби оилавӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки чанде қабл  дар Муассисаи  давлатии  “Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Суғд” як шумори муайяни табибон ва кормандони миёнаи тибб курси омӯзишии тибби оилавиро хатм намуда, бо диплони Тибби оилавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба тазккур аст, ки  айни замон дар қаламрави кишвар  маркази ҷумҳуриявӣ, 3 маркази вилоятӣ, 3 шӯъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Суғд ва 5 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ ва расонидани кӯмаки ташкилию дастурӣ барои кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС фаъолият  доранд.

Гуфта мешавад, танҳо дар  солҳои 2021 ва шашмоҳаи  соли 2022 бо дастгирии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”  дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуан  дар Муассисаи  давлатии  «Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Суғд»  11 нафар табиби оилавӣ ва 49 нафар ҳамширагони тиббӣ  аз курсҳои тибби оилавӣ гузаштаву  соҳиби диплом гардида, хатмкунандагон бо борхалтаҳои тиббӣ ва протоколҳои клиникӣ  таъмин шудаанд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Зикр мегардад, ки алҳол дар ҷумҳурӣ мутахассисони тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, ки фаъолияти онҳо дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Муҳим он аст, ки сол то сол нишондиҳандаҳо оид ба муроҷиат ва фарогирӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ аз тарафи мутахассисони тибби оилавӣ беҳтар мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 634
  • 1,242
  • 949,654