Телефони 311-Маркази тамоси боэътимод

Телефони 311-Маркази тамоси боэътимод
Октябр 31
12:01 2020

Шурӯъ аз моҳи августи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ аз мавҷи дуюми сирояти коронавируси COVID-19  Маркази машваратию табобатӣ, яъне  телефони боварии 311, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” дар рӯзҳои аввали бақайдгирии ин беморӣ таъсис дода шуда буд, фаъолияташро бо ҷалби 13 нафар мутахассисон, аз ҷумла 3 нафар сироятшинос, 5 нафар табибони тибби оилавӣ ва 5 нафар табибони бемориҳои дарунӣ дубора барқарор намуд. Дар Марказ мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ, аз ҷумлаи табиб-омӯзгорони кафедраҳои тахассусии Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷалб гардидаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки он ҳамчун Маркази машваратию табобатӣ бо мақсади саривақт қабул намудани муроҷиати шаҳрвандон ва фавран расонидани ёрии аввалини тиббӣ вобаста ба масъалаҳои  коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуд. Фаъолияти маркази мазкур дар асоси Дастурамал оид ба ташхис ва табобати сирояти нави коронавируси нави COVID-19, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудаааст.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дар  оғози бақайдгирии сирояти коронавируси COVID-19 дар кишвар нофаҳмиҳои зиёде шаҳрвандонро фаро гирифт. Дар он шабу рӯз шаҳрвандон бинобар надоштани маълумоти кофӣ аз бемории сироятии коронавируси COVID-19 бидуни зарурат  маводҳои дорувориро харидорӣ ва захира мекарданд. Аз таҳлукаи зиёд худро ба дари беморхонаю марказҳои саломатӣ, ҳуҷраҳои ташхиси шуъоӣ ва озмоишгоҳҳо мезаданд.

Илова бар ин, баъзе аз кормандони тиб оид ба сирояти  коронавируси нави COVID-19 маълумоти кофӣ надоштанд. Ин ҳама сабаби сар задани нофаҳмиҳои зиёд дар байни аҳолӣ гардида, ваҳму таҳлукаро миёни мардум зиёд менамуд. Бинобар ин, он замон мардум аз ташхису табобат дида, ба машварати равонию рӯҳӣ бештар ниёз доштанд.

Дар чунин шабу рӯз таъсис додани Маркази машваратию равонӣ баҳри фаҳмонидани мардум, расонидани кумаки равониву тахассусӣ ва фаҳмонидани роҳҳои бехатару самарабахш оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  сирояти мазкур иқдоми саривақтӣ буд. Аз ин ҷост, ки аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудани  маркази мазкур васоити ахбори омма ба мардум оид ба таъсиси Маркази тамос таҳти рақами 311 маълумот медоданд. Натиҷаи ин иқдом буд, ки муштариён имкон доштанд, ки  дар ҳама ҳолат, махсусан, дар мавриди ниёз доштан ба машварату кумак  ба мутахссисони маркази мазкур  муроҷиат намоянд ва оид ба пешгирӣ, нишонаҳо ва роҳҳои гузаронидани ташхис, аломатҳои ин беморӣ ва дар ҳолати зарурӣ оғоз намудани табобат дар шароити хона бо назардошти риояи қоидаҳои зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла алоҳида нигоҳ доштани (изолятсияи) шахсони гумонбар ва мубталои сирояти коронавирус  маълумоти зарурӣ гиранд.

Дар рӯзҳои аввали фаъолият дар Маркази машваратию табобатӣ 55 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сироятшиносон, пулмонологҳо, табибони бемориҳои дарунӣ, кардиологҳо, табибони бемориҳои асаб, табибони бемориҳои кӯдакона ва дигарон ҷалб гардида буданд, ки аз инҳо 6 нафарашон номзадони илми тиб, 4 нафар мудирони кафедра, 7 нафар ассистентон, инчунин ординаторони клиникии кафедра ва курсҳои дахлдори Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданд.

-Ҷалби чунин мутахассисон дар фаъолияти марказ имкон дод, ки муроҷиаткунандагон оид ба ҳама паҳлуҳо ва масъалаҳои вобаста ба сирояти коронавируси нави COVID-19  маълумоти мукаммал гиранд,- иброз дошт Афзалшо Шарифов, роҳбари гурӯҳи кории маркази мазкур.

Дар маркази мазкур машваратдиҳӣ бо тариқи телефон ва бо истифода аз технологияҳои рақамӣ сурат гирифта, ғайр аз ин, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии мобилӣ муштариён имкон доштанд  тариқи ватсап (WhatsApp) натиҷаи таҳлили озмоишҳо, акси рентгенӣ ё томографияи компютерии худро ба мутахасисон равон карда, машварати заруриро гиранд.

Маврид ба зикр  аст, ки аз рӯзҳои аввали ба  фаъолият оғоз кардан дар як шабонарӯз аз 3 то 4 ҳазор муштариён бо мутахассисони марказ дар тамос шуда, оид ба роҳҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати ин беморӣ пурсон мешуданд. Ҳамзамон, табибон ва кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои тиббии кишвар, хусусан аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба мутахассисони марказ муроҷиат намуда, машварати заруриро мегирифтанд.  Ба маркази мазкур зангҳои телефонӣ ба таври ройгон аз ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ ворид мешуданд.  Масалан, танҳо 13 майи соли равон ба марказ 4090 муштарӣ муроҷиат намуданд, ки аз ин 1845 нафар аз шаҳри Душанбе, 740 нафар аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, 566 нафар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 884 нафар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 55 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мебошанд.

Барои фаъолияти кормандони марказ ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуда, онҳо бо хӯроки гарм ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Мутахассисони марказ бештар кушиш менамуданд, ки ба ашхоси ба ваҳму тарс додашуда машваратӣ равонӣ диҳанд ва ба онҳо роҳҳои дурусту самарбахшро вобаста ба пешгирӣ ва табобат аз ин бемории сироятии коронавирусро фаҳмонанд.

Баъдан, бинобар сабаби нисбатан муътадил гардидани вазъи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар кишвар шурӯъ аз моҳи июли соли равон фаъолияти Маркази машваратию табобатӣ муваққатан қатъ гардида буд. Инак, пас аз як муддат ба хотири пешгирӣ аз мавҷи дуюми сирояти коронавируси COVID-19  он дубора ба фаъолият оғоз намуд.

Айни замон низ шаҳрвандон ба Маркази машваратю табобатӣ муроҷиат намуда, аз машварату маслиҳати мутахассисони варзида бархудор мешаванд.

 Фотима Яқубова

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 30
  • 798
  • 1,242
  • 949,818