То 7 майи соли 2021 дар саросари мамлакат 69 ҳазору 229 нафар ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шудаанд

То 7 майи соли 2021 дар саросари мамлакат 69 ҳазору 229 нафар ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шудаанд
Май 07
16:42 2021

Мувофиқи таҳлилҳои анҷомдодашуда, то санаи 7 майи соли 2021 дар саросари мамлакат 69 ҳазору 229 нафар ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

То санаи 7 май  дар 83 вазорату идораҳо, кумитаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ бо зерсохторҳояшон, муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва ғайридавлатии мамлакат маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 ҷараён дошта, дар маҷмӯъ то санаи зикргардида 72, 8%  нақшаи аввали пешбинишудаи ба ваксинатсия зидди бемории мазкур фаро гирифтани шаҳрвандон иҷро шудааст ва фаъолият дар ин самт бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки мутаассифона имрӯзҳо давраҳои навбатии хуруҷи бемории  коронавируси нави COVID-19 дар аксар кишварҳои олам ба қайд гирифта мешавад.

Воқеан ҳам тавлиди бемории болозикр дар баробари он ҳама дасторвадҳои соҳавӣ, ҳамзамон  илми тибро як муддат ба озиҷӣ бурд, вале хушбахтона баъд аз гузашти як муддати муайян олимони соҳа тавонистанд дар муқобили ин маризӣ ваксина ва ё позаҳр ихтироъ намуда, мавриди истифода қарор бидиҳанд.

Тавлиди бемории каронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар як муддати мутоҳ тавонист дар ақсои олам доман паҳн намуда, дар баробари ворид намудани хисорот ба тамоми соҳаҳо, ҳамзамон заминаи марги зиёда аз 3 миллиону  255 ҳазор одамон гашта, инчунин  зиёда аз  155 миллиону 840 ҳазори дигарро сироят намояд,  Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута ва ҷомеаи кишвар бо мақсади ҷилавгирии вуруди он аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуданд, вале ин беморӣ 30 апрели соли 2020 дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд.

Дар ин росто, мақомоти марбутаи кишвар таҳти дастуроти роҳбарияти Олии ҳукумати мамлакат тавонистанд бобати пешгирии доманпаҳннамоии он тадбирҳои амалӣ рӯи даст бигиранд ва дар интиҳо аз рӯзҳои аввали моҳи январи соли 2021 дар муқобили бемории каронавирус ғолибиятро ба даст биоваранд.  Ҳамин аст, ки имрӯзҳо сиёсати корӣ ва барномаҳои амалӣ, ки ҷомеаи тоҷикро дар муқобили ин маризӣ ғолиб намуд, аз ҷониби дигар давлатҳо ҳамчун таҷрибаи хуби андухташуда мавриди истифода қарор гирифтааст.

Баробари ихтироъ гардидани ваксина зидди бемории болозикр, бо мақсади ҷилавгирии вуруди навбатии беморӣ ба ҷомеа ва таъмини сиҳатии сокинон, ҳануз санаи 8 марти 2021 дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) қисми якум дар ҳаҷми 192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.

Дар доираи ворид гардидани ваксина ба кишвар, санаи 22 марти соли равон  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки тибқи он дар марҳилаи аввал аз рӯи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ/COVAX воридшударо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм  муқаррар гардиданд.

Санаи 23 марти соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маросими расмии маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ба тартиби муқарраргардида, ваксинатсия зидди бемории каронавирус аввалан миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва  соҳаи маориф ва илми пойтахти кишвар шаҳри Душанбе оғоз карда шуд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як боварии комил дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардида, ин чорабинии муҳим то ба ҳол дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст.

Маврид ба ёдоварист, ки воридоти ваксинаи “AstraZeneca” ва ба иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон”   истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо ва ворид гардид. То аҳолати имрзӯ миёни ваксинатсияшудагон ягон ҳодидаи марг ба қайд гирифта нашудааст.

Агарчӣ дар рӯзҳои аввали вуруди ин намуд ваксина ба кишвар сару садоҳое зиёде вуҷуд дошт, аммо таҷриба собит намуд, ки он ҳама гуфтаҳо асоси воқеӣ  надоштааст.

Дар ҳоле, ки ҷомеаи мамлакат аз маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 хуш истиқбол менамоянд, бояд таъкид дошт, ки инсоният огоҳ аст, ки дар масири таърих маҳс ваксинакунонӣ боиси аз байн рафтани бемориҳои сироятӣ, ки таи садсолаҳои охир боиси қурбонии зиёди одамон гардида буданд, гаштааст. Имрӯз низ ҷаҳон бо бемории наве бо номи каронавируси нави COVID-19 дар ҳоли бархурд қарор дорад ва хушбахтона маҳз бо қобилияти зеҳнии инсоният ваксина ва ё позаҳр дар муқобили ин беморӣ ихтироъ шуд ва умед дорем, ки сайёра ба зуди дар муқобили ин беморӣ пирӯзӣ ба даст хоҳад овард. Мо бояд дарк намоем, ки ваксина зидди ҳама намуд бемориҳо позаҳр аст ва ягона роҳи ҳифозати сиҳатӣ мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 635
  • 1,242
  • 949,655