Тоҷикистон хостори ҳарчи зудтар аз байн бурдани сирояти коронавирус дар Чин мебошад

Тоҷикистон хостори ҳарчи зудтар аз байн бурдани сирояти коронавирус дар Чин мебошад
Феврал 14
16:27 2020

Ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо барои мубориза бар зидди сирояти коронавирус имрӯз, 14 феврал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин мулоқот намуд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  кишвари дӯсту бародар  хостори ҳарчи зудтар аз байн бурдани сирояти коронавирус дар кишвари Чин мебошад.

Ҳамзамон, номбурда изҳори умедворӣ намуд, ки дар наздиктарин фурсат Ҷумҳурии Мардумии Чин барои аз байн бурдани  сирояти  коронавирус муваффақ хоҳад шуд.

Ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди сирояти коронавирус ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 918
  • 1,242
  • 949,938