Тоҷикистон: Шумораи гирифторони коронавируси нави CОVID-19 ба 128 нафар расид

Тоҷикистон: Шумораи гирифторони коронавируси нави CОVID-19 ба 128 нафар расид
Май 04
07:09 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID – 19 дар музофоти Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва паҳншавии он дар саросари ҷаҳон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намуд. Ҳанўз 23 январи соли 2020 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли бемории коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, он ба тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал бо тасмимоти таъҷиливу муассир оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус ба аҳолии кишвар назорати шабонарӯзии ташхису табобатро аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ роҳандозӣ намуд. Натиҷаи чунин чораандешиҳои саривақтӣ ва пурзӯр намудани ташхису назорат буд, ки тӯли беш аз се моҳ, аз оғози ба қайд гирифтани аввалин ҳодисаҳои пайдоиши коронавирус дар Ҷумҳурии халқии Хитой дар мамлакат ягон ҳодисаи мубталоӣ ба пандемияи COVID – 19 ба қайд гирифта нашуда буд.

Аммо, мутаассифона, 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳолати субҳи 4 майи соли равон шумораи гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19  дар мамлакат ба 128 нафарро ташкил дода, аз миёни онҳо 2 нафар фавтидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 957
  • 1,242
  • 949,977