23 октябри соли равон Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Елжан Биртанов бо ҳайати расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Шодихон Ҷамшед ва намояндагони бахши хусусӣ, шарики Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Сифат Иннотех Инвест” оид ба рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот дар шаҳри Нурсултон ҷонибҳо стратегияи рушди соҳаи тандурустии Қазоқистон ва афзалиятҳои рушди соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 баррасӣ намуда, ба рушди ҳамкориҳои судманд дар ислоҳоти соҳаи тандурустии ду кишвар изҳори умедворӣ намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Елжан Биртанов оид ба рушди рақамисозӣ дар ин кишвар ва вазъи мавҷудаи соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки унсури муҳими рақамисозии соҳаи мазкур иштироки бахши хусусӣ ва ҳамкорӣ тавассути шарикони давлат мебошад.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед корҳоеро, ки дар соҳаи рақамисозии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба амал омадаанд, баланд арзёбӣ намуда, аз ҳамкориҳо миёни Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҶДММ “Сифат Иннотех Инвест”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ба имзо расидани Меморандум байни вазирони ду кишвар гардид, истиқбол кард. Ҳамзамон, ӯ таъкид намуд, ки нақши Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун пешоҳанги ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар интиқоли технология ба кишварҳои ҳамсоя назаррас мебошад.
Елжан Биртанов дар навбати худ қайд намуд, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон омодааст, ки ҷиҳати дастгирии рушд ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба кишварҳои ҳамсоя мусоидат намояд.
Ҷаноби Елжан Биртанов ба имзо расонидани як созишномаи байнидавлатӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозии тиббӣ, аз он ҷумла дар бахшҳои кардиология, нейрохирургия, фармастевтӣ, онкология ва дигар соҳаҳои тиббиро пешниҳод кард.
Ӯ аз ҷумла иброз намуд, ки кишвараш имкони баргузории Ҳафтаи тибби Қазоқистонро бо иштироки ширкатҳои азими тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баргузории он 20-25 декабри равон дар назар аст, баррасӣ хоҳад кард. Бинобар ин, дар ин рӯзҳо мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо технологияҳои пешрафтаи тиббии Қазоқистон шинос шаванд. Елжан Биртанов инчунин ҷонибҳоро даъват кард, ки имзои Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи тандурустиро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кунанд.
Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар доираи Шарикии глобалӣ барои рушди устувор ва амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор бояд сармоягузории дарозмуддат ба бахшҳои муҳим интиқол дода шавад, ки яке аз онҳо технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ яке аз чаҳор воситаи татбиқи Эъломияи Остона аст, ки соли 2018 дар Конфронси Глобалӣ дар якҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона қабул шудааст. Дар Эъломияи Остона ҳамаи давлатҳои узви ТУТ уҳдадор шудаанд, ки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва рақамисозиро ҳамчун яке аз омилҳои муваффақият дар таҳкими соҳа дастгирӣ намоянд.
Роҳбарияти вазоратҳои тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон азм доранд, ки рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар сатми рақамикунонии соҳаи тандурустӣ минбаъд низ густариш диҳанд.