Тоҷикистон ва БОР барои хариди ваксинаи зидди COVID-19 Cозишномаи грантӣ имзо намуданд

Тоҷикистон ва БОР барои хариди ваксинаи зидди COVID-19 Cозишномаи грантӣ имзо намуданд
Июн 23
08:57 2021

Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Маблағи умумии Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 миллион воя (доза) бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Акс аз Вазорати молияи Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 691
  • 1,242
  • 949,711