Тренинги омӯзишӣ барои журналистон дар мавзӯи “Нақши ВАО дар замони пандемияи COVID-19”

Тренинги омӯзишӣ барои журналистон дар мавзӯи “Нақши ВАО дар замони пандемияи  COVID-19”
Ноябр 18
15:03 2021

Имрӯз, 18 ноябри соли равон дар  Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон барои рӯзноманигорони марказҳои матбуотии вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат дар доираи Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тренинги омӯзишӣ барои журналистон дар мавзӯи “Нақши ВАО дар замони пандемияи  COVID-19” оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки то имрӯз тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи мазкур дар вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида шуд, ки дар он ба рӯзноманигорон доир ба мавзӯи мазкур маълумотҳои муҳим ва саривақтӣ пешниҳод карда шуд.

Дар  оғози тренинги омӯзишӣ муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Холиқзода, сардори Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, Раиси Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунов, мутахассисони соҳа, тренерон ва намояндагони марказҳои матбуотии вазорату идора ва кумитаҳо иштирок намуданд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи  тренинги омӯзишӣ доир ба нақши рӯзноманигорон дар давраи пандемияи  COVID-19, вазъи сирояти коронавирус ва маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории мазкур дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Тавре зикр гардид, нақши ВАО дар пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур басо муҳим ва назаррас мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ҷараёни тренинги омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа ва рӯзноманигорони варзида ба иштирокчиён доир ба “Нақши ВАО дар замони пандемияи  COVID-19” маърӯзаҳо пешниҳод карда хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732