Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ба маблағи 47,5 миллин доллари ИМА ду лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расониданд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ба маблағи 47,5 миллин доллари ИМА ду лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расониданд
Август 23
14:09 2024
Санаи 23 августи соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд (БОР) ду лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 47,5 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Гуфта мешавад лоиҳаҳои сармоягузории мазкӯр бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ дар самти модар ва кӯдак ва боло бурдани малакаи кишоварзии занон ва баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон равона карда мешаванд.
Гранти лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби Файзиддин Каҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шенни Кэмпбелл, намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки яке аз лоиҳаҳои сармоягузории ба имзо расида, лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” – дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар се ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳияи Айнӣ сохтмони таваллудхона бо иқтидори 40 кат, сохтмони таваллудхона дар ноҳияи Данғара бо 80 кат ва сохтмони Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз бо 100 кати бистарӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар доираи Лоиҳа, инчунин идоракунӣ ва омӯзиши мутахассисони соҳаи тандурустӣ бароҳ монда шуда, воситаҳо ва равандҳои хизматрасонии перинаталӣ такмил дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд таи солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ амали гардида, дар замина ба рушду нумӯи соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард. Яке аз лоиҳаҳое, ки имрӯз дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи тандурустӣ татбиқ шуда истодааст Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” арзёбӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида, дар боло рафтани вазъи хизматрасонии тиббии ноҳияҳои болозикр заминаи мусоид фароҳам овард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 959
  • 1,236
  • 1,023,263