Ҷумҳурии Қирғизистон пайомадҳои хатарзои муноқишаҳои марзиро набояд нонида бигирад Ва ё таҳаммулпазирӣ то ба ҳол пешаи миллати тоҷик аст

Ҷумҳурии Қирғизистон пайомадҳои хатарзои  муноқишаҳои марзиро набояд нонида бигирад Ва ё таҳаммулпазирӣ то ба ҳол пешаи миллати тоҷик аст
Май 04
15:58 2021

Имрӯзҳо исми Ворух баробари ба миён омадани муноқишаҳои марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон вирди забони хурду бузурги миллати тоҷик аст ва чунин ҳам бояд бошад. Чун арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ, ҳифозати марзу буми ватани аҷдодӣ барои ҳар як фарди миллати тоҷик қарзи шаҳрвандӣ мебошад.

Маҳз дар доираи таълимоти таҳаммулпазириву қадри қиммати фурӯзон нигоҳ доштани шуълаи осоиштагӣ ва арҷгузорӣ ба муносибати дӯстона бо ҳамсоякишварҳо, ки тули ҳазорсолаҳо барои миллати тоҷик ба мерос гузошта шудаву ҳамчун беҳтарин таълимот пазируфта шудааст, пиёда мегардад.

Агарчӣ баҳси марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тули якчанд сол аст, ки идома дорад ва дар бештари маврид нофаҳмиву муноқишаҳо маҳз аз ҷониби аҳолии Қирғизистон сурат мегирад, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл намудани чунин мушкилотро таи якчанд сол аст пайгирӣ менамояд.

Таҳаммулпазирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳолест, ки борҳо таҳлил ва баррасии амиқи мушкилоти марзӣ ва ҳалли саривақтии он бо ҷониби Қирғизистон гуфтушунидҳо сурат гирифт, вале боз ҳам дар соддатарин лаҳзаҳо муноқиша миёни аҳолии наздимарзии ду кишвар дар бештари маврид бо дасти ҷониби ҳамсоякишвари Қирғизистон сурат мегирад.

Агарчӣ зимни ҳама муноқишаҳои ба вуҷуд омада дар марзи ду кишвар, бо ҳисси баланди ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба марзу буми Ватан  мардуми Тоҷикистон вокуниши тунд нишон медиҳанд, аммо бо ҳосили боварӣ ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти марбута, сокинон иқдомоти роҳбарияти олии кишварро дар ин масъала ҷонибдорӣ менамоянд ва ҳамин аст, ки таи  чандин солҳо оромӣ ва дӯстиву ҳамбастагии  мардумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон пойбарҷо мебошад.

Агарчӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон борҳо мардуми худро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуда, ҳаллу фасли мушкилоти марзиро ба зиммаи мақомоти марбутаи худ ва роҳбарияти ҳукумати кишвараш муаррифӣ намуд, аммо боз ҳам саркашӣ намудани аҳолии наздимарзии ин мамлакат аз гуфтаҳову дастуроти ҳукумати худ аз нобоварии  сокинонаш нисбат ба ҳукумат ва мақомоти марбутаашон давлат далолат медиҳад.

Агарчӣ мо ба вазъи дохилии ҳамсоякишвари Қирғизистон дахолат кардани нестем, вале вазъи бавуҷудомада зарур мешуморад, то қайд намоем, ки тазоҳуротҳои ҷамъиятии тайи чанд соли охир дар ин мамлакат суратгирифта ва мавриди пайгирӣ қарор додани роҳбарону мансабдорони сатҳи болоии кишвар аз нобоварии сокинонаш ба Ҳукумати ин мамлакат дарак медиҳанд. Яъне, метавон гуфт, ки дар ин ҳамсоякишвар низоми ягона вуҷуд надорад, инчунин ба миён омадани муноқишаҳои нав ба нав дар марз бо ҳасоякишварҳо низ далели мавҷудияти чунин вазъ дар ин мамлакат мебошанд.

Аммо, боз ҳам бояд таъкид намуд, ки ҳар як порча хоки Ватан барои ҳар як қавму миллат азизу муқаддас аст. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри ҳифозати марзу буми Ватан дар ҳама шароит омода мебошанд. Аз ин лиҳоз ҳаллу фасли мусолиатомези мушкилоти марзӣ дар ҳама ҳолат ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Мавҷудияти дому найрангҳои замона ва дар кучактарин мушкилоти ҷамъиятиву миллии кишварҳо дахолат намудани қувваи севум дар ҷаҳони кунунӣ  ба ҳукми анъана даромадааст. Бо дарки чунин хатароти замон ва бо мақсади боз ҳам пойбарҷо гузоштани оромиву субот дар ҷомеа зарурат пеш меояд, то ҷониби Қирғизистон аз пайомадҳои хатарзои ба миён омадаи муноқишаи марзӣ бо ҳамсоякишварҳо биандешад. Агарчӣ то ба ҳол бо дарки мушкил ва таҳдидҳои мавҷуда  Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон таҳаммулпазириро пеша кардааст.

Дар ҳар сурат, гумон надорем, ки аҳолии наздимарзӣ ва мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз  паёмадҳои тира сохтани муносибати дипломатӣ бо ҳамсоякишварҳо, хосатан Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида мегиранд. Чун дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи қирғиз низ ба мушкилоти дохиливу берунаи зиёде рӯ ба рӯ гаштааст ва аз дурномаи содири амалҳое, ки дар зимн ба нооромӣ оварда мерасадонад, огоҳ мебошад. Ҳамин аст, ки умеди ҳар яки мо дар аввал таъмини суботи ҷамъиятӣ ва дар доираи муносиботи хуби сиёсиву ҷамъиятӣ нақшгузорӣ ба рушди ҳар ду кишвар аст.

Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 918
  • 1,242
  • 949,938