Имрӯз, 21 майи соли равон мулоқоти муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, бо Ашита Миттал, намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои муттақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо, хоссатан дар самти пешгирии нашъамандӣ ва муолиҷаи он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки Ашита Миттал, таи чанд рӯз аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи муаррифии стратегияи нави UNODC дар Осиёи Марказӣ оид ба расонидани мусоидати фаннӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм, адлияи ҷиноӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии нашъамандӣ ва муолиҷаи он ва дигар самтҳо ҳузур дорад.
Зимни вохурӣ Ашита Миттал, ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳама самтҳо хоссатан бобати ба даст овардани пирӯзӣ дар муқобили бемории каронавирус, инчунин фаъолияти хуб дар самти пешгирии нашъамандиву табобати он баҳои баланд дод.
Дар навбати худ Ғафур Муҳсинзода, аз ҳамкории зичи СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипсогузорӣ намуда зикр дошт, ки роҳбарияти ниҳоди мазкур дар ҳама шароит омодаи фаъолият бо намояндагони СММ ҳастанд.