Август 23
09:32
2023
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии мамлакат бомаром идома доранд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ имрӯз, 22 августи соли равон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Бунгоҳи саломатии Арбобӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд.
Бунгоҳи саломатӣ аз чор шӯъба иборат буда, дар он барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла муассисаи тандурустии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардидааст.
Иншооти тандурустӣ ба 2 ҳазор аҳолии маҳаллаи мазкур хизмати тиббӣ хоҳад расонид.