Ваҳдат: Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ

Ваҳдат: Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ
Май 12
14:44 2022

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ аз наздик дидан менамояд.

Дар доираи чунин иқдом имрӯз, 12 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, бо фаъолияти Маркази назорати давлатии  санитарию эпидемиологӣ, Беморхонаи марказӣ ва таваллудхонаи шаҳри мазкур шинос шуд.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии муассисаҳои болозикр шинос шуда, ҳамзамон бо як қатор беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Махсусан зимни суҳбат бо шаҳрвандон номбурда  доир ба тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки чун дигар манотиқи кишвар соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 693
  • 1,242
  • 949,713