Ваҳдати миллӣ – кафили субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ – кафили субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон
Июн 24
14:56 2022

Санаи 24-уми июни соли 2022 дар Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – кафили субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон» семинари илмӣ баргузор гардид.

Дар семинар корманди раёсати ташкилии хизматрасонии тиббӣ ва технологияи муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдуллоева Фирӯза, номзади илмҳои ҳуқуқ, ҳуқуқшиноси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» – Қодиров Некрӯз Абдулмаҷидович, сармутахасиси шуъбаи таблиғотӣ ва иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Гадоев Абдурасул, мудири шуъбаи китобхонаи шаҳраки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Умаров Иқболшо Музафарович, сармутахасиси шуъбаи адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» – Саломов Абдуғаюр, корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият”, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Бузургмеҳри Баҳодур, сардори шуъбаи хизматрасонии махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» – Орумбекова Мавзуна, сардори шуъбаи илмӣ ва тадқиқотии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» – Зафари Гулмурод ва кормандони муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Семинари илмиро бо сухани табрикӣ директори муассиса Аминов Фирдавс ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуда, иброз намуд, ки Ваҳдату истиқлолият кафолати тансиҳатӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ ва сабзу хуррам гаштани Ватан аст.

Муҳимтарин омили ваҳдат пеш аз ҳама меҳру муҳаббат ба Ватан ва ба забону фарҳанг аст. Ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаб хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд.

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 994
  • 1,242
  • 950,014