Ваҳдатофар

Ваҳдатофар
Июн 25
14:31 2019

Дар тӯли таърих  қавму миллатҳои зиёде арзи ҳастӣ намуда, бо мурури замон дар пайи тағйирёбии қудратҳо ва бархурди тамаддуну фарҳангҳо аз байн рафтаанд. Зеро дар ин дунёи пурмуоҷаро ва кашмакашҳои сиёсӣ барои ҳар халқу миллат пойдор мондан осон нахоҳад буд.

Тоҷикон қадимтарин миллати  қитъаи  Осиё  дорои  илму фарҳанг ва шеъру адаби ҳазорсола буда, дар байни дигар қавму миллатҳо аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ давлати миллии худро ташкил додаанд, ки асрҳо боз бо номи Давлати Сомониён ва ё Оли Сомон ном баровардааст. Давлати Сомониён дар таърихи башарият аз рӯи сиёсату сохти давлатдорӣ, адолатпарастӣ ва илму фарҳанг беҳамто буда, заминаи асосӣ барои  пешрафти сиёсиву давлатдории кулли давлатҳои баъдина дар Осиёи Марказӣ унвон мешавад.

Аммо мутаассифона бо он ҳама бузургӣ ва тавоноӣ ин давлати абарқудрати тоҷикон пас аз 180 соли ҳукмронии хеш завол ёфт. Пас аз заволи ин давлат тоҷикон чӣ ранҷу азобу машаққатҳоеро аз сар нагузаронидаанд, ки назирашро таърихи ягон миллати дигар надидааст. Ҳазорон фарзандони  баруманди тоҷик тули таърих барои ҳимоя ва шарафу номуси  миллати хеш ҷони худро қурбон намуданд. Аз Ватан бадарға шуданд.

Дар тамоми давру замон пешравӣ ва дастовардҳои  илмию фарҳангӣ ва анъанаҳои  мардуми тоҷик боиси рашку таассуб ва бадбинии дигарон гардидааст ва ин бадбиниҳо боиси борҳо хароб гардидани ин сарзамин ва рехтани хуни фарзандони боилму фарҳанги он шудааст.

Ва ин миллат:

Оҷ гум карду забонро гум накард,

Тоҷ гум карду забонро гум накард.

Бахт гум карду забонро гум накард,

Тахт гум карду забонро гум накард.

(Бозор Собир)

Баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ва сарсониву саргадонӣ миллати тоҷик боз соҳиби давлати миллии худ гардид, аммо мутаассифона аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият давлати нави тоҷиконро ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ фаро гирифт. Ё ба таъбири дигар ҷанги бародаркуш. Ҷанге, ки бародарро бо бародар ва падарро бо фарзанд даст ба гиребон намуд. Ҷанге, ки қариб  миллати тоҷикро ба нобудӣ мерасонид.

Дар барангехтани оташи ин ҷанг дар баробари қувваҳои дохила қувваҳои беруна низ вуҷуд доштанд ва барои  ҷангандозию шӯронидани ин миллат душманону бадхоҳони берунии миллати тоҷик талошҳои зиёде варзиданд.

Дар сохти давлатдорӣ душвортарин кор як миллатро аз вартаи нобудӣ  раҳо кардан ва мардумро ба сулҳу созиш овардан мебошад. Ва ҷанг дар ягон давру замон барои ҳалли низоъ сабаб шуда натавонистааст. Балки он ба ҷуз қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ ва саргардониву дарбадарии мардум чизи дигаре ба бор  наовардааст. Ба ин маънӣ  Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан изҳор дошта буданд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира пеш гирифтем». Ин гуфтаҳо ба  тақдири минбаъдаи  миллат тоҷик рост омада,  натиҷаҳои назаррасу ҳалкунанда доданд, вале то ба мақсади аслӣ расидан вақт ва кӯшишу заҳматҳои зиёди тарафайн зарур буд.

Вақте сухан аз Ваҳдати миллӣ, аз сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.

Тавре медонем, оғози музокирот ва гуфтушунидҳои судманду тақдирсози кишвар бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии қавӣ дорад. Ин фарзанди баруманди тоҷик баъдан бунёдгузори сулҳи воқеӣ ва кафили оромию осоиштагии мардуми Тоҷикистон гардид ва муддате пас бо ин амали худ дар қатори машҳуртарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза қарор гирифт.

«Мо бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем. Бояд дар сарзамини абгору дардхӯрдаи мо аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду  тантана  кунад.  Ҳамаи мақсаду мароми ман ҳамин оштии миллӣ ва ба василаи он баргардонидани гурезаҳо, ободу ором сохтани Тоҷикистон аст», – гуфта буданд он вақт Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ин суханон аз он шаҳодат медоданд, ки гӯяндаи он воқеан тамоми ҳастию вуҷуди худро баҳри истиқрори сулҳу осоиш равона сохтааст ва илҳомбахши тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин роҳи тақдирсоз мебошад.

Инчунин ҳанӯз замони ба мақоми роҳбари мамлакат интихоб гардидан Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бе дудилагӣ ва истиҳола изҳор карданд: «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам».

Ба Ватан баргардонидани гурезаҳо марҳилаи муҳимтарини истиқрори сулҳу осоиш буд ва инро Сарвари давлат беҳтар аз дигарон эҳсос намуда, гуфта буданд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии миёни тоҷикон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид, ҳамчун паймони бародариву ҳамдилӣ, ҳаммаромӣ, масъулияти баробар ва амиқ барои ҳаёти осоишта, ободии Ватан аз ҷониби ҷомеа шинохта ва эътироф шуда, оѓози марҳилаи рушду нумӯи миллати тоҷик гардид ва эҷодгари он Эмомалӣ Раҳмон ба худ номи ҷовидонӣ касб намуд.

Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисози фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари сазовори хеш Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи он гардид: «Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияти неку виҷдони пок, бо мақсади худро шинохтан ва танҳо баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯи кор овардем. Рушду инкишоф, неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешавад, онро дар замини аҷдодӣ, дар замири худ бояд рӯёнд».

Муаллифи  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири ширинкаломи  миллат устод Гулназар Келдӣ нақл мекунад, ки дар  як Анҷумани форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор  гардида буд,  ҳузур дошт ва дар он  Анҷуман  Президенти кишвар мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон низ  иштирок ва баромад намуданд.  Бино ба нақли устод Гулназар,  вақте Сарвари давлат дар баромади хеш бори дигар таъкид мекунанд, ки то охирин шаҳрванди тоҷикро аз хориҷ ба Ватан барнагардонам, ором намешавам, ҳамин замон як нафар эронӣ оҳиста ба гӯши эшон садо мекунад: “Шумо чӣ қадар хушбахт ҳастед, ки чунин Президент доред. Мо эрониҳо дар хориҷи кишвар хеле зиёд ҳастем, аммо касе моро намепурсад ва суроғ ҳам намекунад,-гуфтаву беихтиёр ашк рехтааст он марди эронӣ.

Таърихшиноси номии тоҷик Усмонҷон Ғаффоров замони нооромиҳои кишварро дар охири садаи 20 ба ёд оварда, бо ҳасрат як воқеаи даҳшатоварро, ки аз забони як шоҳиди ҳодиса шунидааст, нақл мекунад:

“Дар лаби яке аз дарёҳои бузургтарини кишвар, ки макони фирори шаҳрвандон ба давлати ҳамсоя буд, ҳодисаи пурдардеро як ҳамватанамон шоҳид шудааст. Дар лаби дарё аз дур чизи ҷондоре ба чашми як нафар ҳамватанамон бармехурад. Ба сӯи он қадам мемонад ва  кӯдакеро мебинад, ки дар болои ҷисми модар сина мемакад. Маълум мешавад, ки модари кӯдак кайҳо мурдаву кӯдак дар оғӯши ӯ берун аз об наҷот ёфтааст. Модаре, ки аллакай мурдаву кӯдак бо умеди наҷот аз гушнагӣ синаи модарро мемакад. Кӯдаки аз дунё бехабар, ки намедонад модараш мурда ва ӯ шир намемакад, балки хуни модар мемакад. Кӯдаки тоҷик рӯи ҷисми беҷони модар дар дарёи пурхун…”

Аз чашмони таърихшиноси тоҷик Усмонҷон Ғаффоров  пас аз нақли ин ҳодисаи такондиҳандаи руҳу равони инсон  беихтиёр ашк ҷорӣ мешавад. Ӯ як даме сукут меварзад ва бо муроҷиат ба мардуми тоҷик мегӯяд: “Ба қадри сулҳу ваҳдат бирасед. Зеро оқибати ҷангу хунрезӣ ҳамон воқеаест, ки ҳамватани мо шоҳид гаштааст”.

Дар он замони нооромӣ ва қатлу куштор  шабеҳи чунин воқеаро метавон ҳазорҳо мисол овард. Чӣ қадар саҳнаҳои пурдаҳшатеро ба сари мардуми бечораи тоҷик оварда буд он ҷанг. Аз ҷумла мудҳиштарин ҳодисаҳои ҷанги шаҳрандиро бо чунин мисолҳо метавон ном бурд: таҷовузи духтар дар назди волидон. Дар назди фарзанд таҷовузи модар. Дар пеши чашми аҳли оила қатли падар. Хонаҳои пур аз мурда. Дарёҳои  ба хун оғушта. Кӯчаҳои пур аз гиряву нола. Марг аз гуруснагӣ. Парокандагӣ ва парешонии миллат…

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо  тоҷикон ба дарки аслии мафҳумҳои Ваҳдат ва Сулҳ бирасем ва барои бегазанд нигоҳ доштани ин неъматҳои бузурги давлатдорӣ якдилонаву сарҷамъона талош варзем.

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки  мо  аз пештара дида ба ҳам оем. Дӯст бошем. Иттифоқ бошем. Кинаву адоват ва бадбиниро нисбати ҳамдигар аз қалбҳо дур созем.

Мо бояд дар такя ба хирад ва заковати азалии гузаштагони хеш  бар он талош намоем, ки ин сулҳу Ваҳдати бо азоби ҷон ба даст омада ҳамеша пойдор бошад.

Дар дунё президент ва сиёсатшиносони зиёд давлатдорӣ намудаанд, аммо дар таҷрибаи ҳукмронии ҳеҷ кадоме аз онҳо дида намешавад, ки барои  ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони кишварашон қавл дода ва онро амалӣ намуда бошанд.

Ҳеҷ як Президенти дунё дар муроҷиат бо шаҳрвандони дар ғарибӣ қарордоштаи кишвараш нагуфтааст: “Ба Ватан баргардед, як косе обе, ки дорем бо ҳам менӯшем, як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехурем. Биёед, Шуморо хонаву даратон интизор аст”.

Номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанг ва намоди сулҳу Ваҳдати тоҷикон дар таърих боқӣ хоҳад монд.

 ХУСРАВ  ШОҲСАИДОВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 636
  • 1,242
  • 949,656