ВАҚТ ДАР ШИТОБ АСТ!

ВАҚТ ДАР ШИТОБ АСТ!
Март 25
11:19 2021

Рӯзи 26 сентябри соли 2018 нахустин бор дар Вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мавзӯи бемории сил баррасӣ гардид. Роҳбарони кишварҳои дунё бар ин қарор расидаву ваъда доданд, ки бемории силро то соли 2030 барҳам медиҳанд. Воқеан, ин хабар хеле хушбинонаву умедворкунанда буд. Вақт мешитобад, соли 2022 – муҳлати қатъӣ барои дастовардҳои роҳбарон – зуд наздик мешавад, аммо, чунончӣ дар гузориши Котиби Генералии СММ дар соли 2020 қайд карда шуд, пешрафт суст аст ва байни уҳдадориҳои қабулшуда ва воқеиятҳо фарқияти назаррас вуҷуд дорад. Бар замми ин гузориш, намояндагони ҷомеаҳои аз сил осебдида ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуҷҷати  Фарқияти марговар: уҳдадориҳо оиди мубориза бар зидди сил дар қиёси воқеиятҳои сил»-ро омода карданд, ки тасвири ғамангези силро боз ҳам рӯшантар нишон медиҳад…

Ширинмоҳ Салимова яке аз он умедворони хотимаи сил аст. Бо шакли ба дорувориҳои васеъ устувори бемории сил* чандин вақт дар беморхона бистарӣ гардида, баъди рӯзҳову моҳҳову солҳои ранҷу дард ва ҷарроҳии шуш саранҷом бар сил пирӯз шуд. Аммо бо чӣ арзише? Бо ниёзҳо ба хӯроки серғизову доруҳои иловагӣ, дастгирии иҷтимоиву равонӣ ва бо талхии диабети қанд, ки ҳанӯз ҳам озораш медиҳад…

Аз ин пайдост, ки табобати бемории сил бояд ҳамаҷониба бошад, яъне барои шифо танҳо доруҳои зиддисилӣ кифоят намекунанд, балки ғизои хуб, дастгирии моливу иҷтимоиву равонӣ, назорату дармони бемориҳои сироятӣ ё музмини ҳамрадиф низ нақши калидӣ доранд. Ва бештари ҳолатҳои паҳншавии беморӣ, табобати нобарор ва фавти одамон ҳам ба ҳамин ҷанбаҳо вобастаанд. Вақте бемор табобати зиддисилӣ мегирад, набояд бемориҳои дигараш (ВНМО, гепатит, COVID-19, фишори хуну диабети қанд ва ғ.), ё чӣ хӯрдану нӯшидану пӯшиданаш фаромӯш шавад… Пас, табобати бемории сил танҳо кори табиб нест!

Муҳаммадҷон Умаров тайи ду сол бо шакли ба дорувориҳо устувори бемории сил** дастбагиребон буд ва билохира ғолиб омад. Барои шифои комили ӯ натанҳо доруҳои зиддисиливу хӯрокҳои гарми модараш (на ҳар кас модар дорад!), балки дастгирии рӯҳиву молии масҷиди маҳал сабаб шуд. Тибқи модели аз рӯи натиҷа ба парасторӣ гирифтани беморони сил аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвону Фархор роҳандозӣ кардаанд, Муҳаммадҷон ҳармоҳа кумаки рӯҳиву молӣ мегирифт, то табобаташро бо беҳтарин навъ анҷом диҳад…

Чӣ хуб! Ба ҳар коре ҳиммат баста шавад, воқеан он бо натиҷаи аъло анҷом меёбад. Ҳамин гуна моделҳои парасториву дастгириро дар ҳама гӯшаву канори кишвар ва аз сӯи вазорату кумитаҳои дигар низ роҳандозӣ кардан мумкин аст, аммо фақат як чиз лозим аст – хоҳиш!

Аъзамҷон Азимов, кӯдаке дӯструву донояк баъди сари модаркалонаш, ки дар панҷаи бераҳми бемории сил фавт кард, бо ташхиси шакли ба дорувориҳо устувори бемории сил тӯли 2 сол табобати зиддисилӣ гирифт, 8 моҳ (!) дар беморхона ва боқӣ дар хона… Имрӯзҳо, ки мутаассифона ҳама чизро бо пул чен мекунанд, пас, як бор фақат роҳкирои 8-моҳаи модари Аъзамҷонро дар роҳи Рӯдакӣ-Ваҳдат-Рӯдакӣ ҳисоб кунед! Бале, дардро аз ҳар тараф, ки бихонӣ, дард аст…

Ҳоло Аъзамҷон пурра сиҳату саломат аст ва ба сӯи орзуҳои ширини кӯдакияш меравад. Роҳаш сафед!

Аммо боз ҳам кӯдаконе ҳастанд, ки мехоҳанд мисли Аъзамҷон шифо ёбанду ба хонаашон баргарданд, ба мактаб бираванд, бо ҷӯраву дугонаҳояшон бозӣ кунанд, хулоса, кӯдакӣ дошта бошанд, на дард! Ҳамин орзуҳоро ду фарзанди хурдсоли Сангалӣ Ҳалимов низ доранд, ки ҳоло бо ташхиси шакли ба дорувориҳои васеъ устувори сил дар беморхона бистариянд. Сангалӣ, бар замми ин ки худу фарзандонаш аз ин шакли бемории сил азият мекашанд, имрӯзҳо бори эҳтиёҷ ба дастгирии моливу иҷтимоиву равонӣ ва доғи таънаву маломати бемориро бар дӯши дардмандаш мекашад. Дар хонаи амонатие, ки оддитарин шароити рӯзгор надорад, паноҳ бурдаву бо умеди шифо имрӯзҳояшро фардо мекунад…

Ҳамасола 24-уми март чун Рӯзи ҷаҳонии сил таҷлил мешавад ва имсол ҳам зери шиори Вақт дар шитоб аст дар саросари ҷаҳон қайд мегардад. Албатта, дар радифи он ҳама мушкилоти сил ва бори гарони пандемияи COVID-19 пешрафту хабарҳои хушоянде ҳам дар соҳаи зиддисилӣ дорем. Аммо ба назар мерасад, ки талоши мо ҳанӯз ҳам барои барҳамдиҳии бемории сил дар кишвари азизамон нобасанда аст. Мо тамоми таҷҳизоти ташхису табобати сил, доруҳои зиддисилӣ ва табибони варзидаро дорем, аммо ягона камбудамон ин аст, ки табибу беморро ба ҳоли худ раҳо кардаем. Моро мебояд, ки барои солимии ҷомеа ҳама якҷоя чун як мушти маҳкам мубориза барем, зеро мушкил аз нагуфтану сарфи назар кардан худ ба худ ҳал намешавад. Саҳм гузоштан дар хотимаи сил, ки як бемории иҷтимоист, қарзу фарзи инсонӣ ва камоли ватандӯстии мост. Пас, месазад, ки ҳар яки мо масъулиятшинос бошем, то битавонем дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз пешрафту дастовардҳои хубамон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо виҷдони роҳату сари баланд гузориш бидиҳем.

________________

* Шакли ба дорувориҳои васеъ устувори бемории сил – ин шакли беморӣ ҳадди ақал ба 4 доруи асосии зиддисилӣ (изониазид, рифампитсин, ба ҳамаи фторхинолонҳо ва яке аз доруҳои тазриқӣ) устувор аст, яъне ин доруҳо таъсир намекунанд.

** Шакли ба дорувориҳо устувори бемории сил – ин шакли беморӣ ҳадди ақал ба ду доруи асосии зиддисилӣ (изониазид ва рифампитсин) устувор аст, яъне ин доруҳо таъсир намекунанд.

ЭҲСОН ТУРСУНОВ,

Мутахассиси иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Ассотсиатсияи Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 720
  • 1,242
  • 949,740