Вазъ ва дурнамои йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон

Вазъ ва дурнамои йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон
Май 28
08:58 2018

Санаи 26 майи соли равон дар толори маҷлисии маркази тиҷоратии “Пойтахт”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Нақши ВАО дар ноилшавӣ ба йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон” ҷамъомад баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии “ОДАМ” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.
Дар рафти баргузории чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии Тоҷикстандарт, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), намояндагони ВАО, инчунин коршиносони соҳа ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади таъмини босифати талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи йоднокгардонии намак” амалӣ карда шуда, зимни баргузории он “Аҳамияти йод ба сифати яке аз микроэлементҳо”. “Оқибатҳои манфии норасоии йод”, “Вазъияти норасоии йод, дурнамои чаҳонӣ ва минтақа”, “Вазъияти ғизо ва норасоии йод дар Тоҷикистон”, “Таърихи йоднокгардонии намак”. “Гузашта ва ҳозираи Тоҷикистон оид ба йодноккунии намак”, “Назорат ва танзими истеҳсол ва фурӯши намаки йодноккардашуда аз ҷонибии ҳукумат” ва дигар мавзўоти аслие буданд, ки дар чорабинии мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамчунин дар чорабнӣ зикр карда шуд, ки накши ВАО ҳамчун соҳаи фаъоли ҷомеа дар ноилшавӣ ба йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон назаррас мебошад. Дар охири чорабиинӣ аз намояндагони ВАО даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарғиби саривақтии йодноккунии намак ва истифодаи он аз ҷониби аҳолӣ, ки дар заминаи он сатҳи сиҳатии сокинон таъмин мегардад, масъулиятшинос бошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 628
  • 1,242
  • 949,648