Вобаста ба таҳлили вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар минтақаи Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид, ки дар кори он сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М., сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Ёқубов Т.Р., роҳбарони беморхонаҳои марказӣ, муассисаҳои КАТС-и шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва кормандони Маркази вилоятии бемориҳои равонпизишкии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Ҷаласаро Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки вазъи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар бисёр мамлакатҳои олам ҳамоно ташвишовар боқӣ монда, аз мо-кормандони соҳаи тандурустии кишвар талаб менамояд, ки дар самти табобат ва пешгирии он аз пештара бештар талош намоем.
Дар идомаи ҷаласа вазъи бемории COVID-19 дар минтақаи Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон, ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, гаштҳои хонагӣ, дарёфти саривақтӣ, бақайдгирӣ ва назорати беморон дар муассисаҳои табобатию профилактикии минтақаи Кӯлоб аз ҷониби муовини якуми вазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.