Вазъи хизматрасонӣ ба бемориҳои сутунмӯҳра баррасӣ гардид

Вазъи хизматрасонӣ ба бемориҳои сутунмӯҳра баррасӣ гардид
Март 12
12:07 2024

Санаи 11-уми марти соли равон таҳти роҳбарии муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода вобаста ба таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои сутунмӯҳра дар кишвар ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он сармутахассисон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи мазкур рафти хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои сутунмӯҳра дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба ин масъала директори Корхонаи воҳиди давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра” баромад кард.

Қайд гардид, ки давоми соли 2023 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра” як қатор навгониҳо, аз ҷумла тамоми ҷарроҳиҳо ба таври микроҷарроҳӣ бо истифода аз микроскоп (ЛБВО)  пурра  ба роҳ монда шудаанд. Инчунин, ҷарроҳии бо усули аз пеш гирифтани чурраи қисми гардании сутунмӯҳра, гирифтани омосҳои сутунмуҳра (омоси ҳароммағз, остеомаҳо), мустаҳкамкунии сутунмўҳра бо усули транспедикулярӣ, ҳангоми тангшавии канали ҳароммағз,  шикасти мӯҳраҳо, каҷшавии сутунмӯҳра, лағжиши мӯҳраҳо ва вертебропластика ҳангоми бемориҳои шикасти танаи мӯҳраҳо ва гемангиомаҳо ба роҳ монда шуданд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳа боз ҳам беҳтар гардид.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморон аз ҷониби муовини якуми вазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 285
  • 1,242
  • 949,305