Дар Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон баррасӣ гардид

Дар Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон баррасӣ гардид
Апрел 13
10:14 2022

Дар Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия”-и шаҳри Душанбе аз тарафи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода  вобаста ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ҷаласаи корӣ баргузор гашт.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Инчунин, дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаи номбурда таҳлил ва баррасӣ карда шуд.

Баъдан, Зулфия Абдусаматзода ва Хушвақт Шарифзода аз рафти табобати як қатор беморон  дидан карда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 718
  • 1,242
  • 949,738